Ҷаласаи изтирории парлумон дар пайи муноқишаи тоҷикҳову қирғизҳо
Парлумони Қирғизистон ба таври оҷилӣ қазияи ба миён омада дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистонро субҳи 8 май ба баррасӣ гирифтааст. Назаралӣ Орипов, намояндаи мардумии қирғиз аз ҷиноҳи “Республика” гуфтааст, “вазъ дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон нигаронкунанда буда, дар партави ҷанг қарор дорем”.
“Дар маҳалли ҳодиса ҳудуди ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистону Қирғизистон гирд омада буданд. Бо задухӯрду ҷанг наметавон мушкилро ҳал кард, бояд корҳои лозимиро анҷом дод”,-таъкид доштааст Орипов.
Вале Юсуфалӣ Исоев, намояндаи дигари қирғиз, ки аз ҳамтои худ хоҳиш кард, ингуна изҳорот дигар надиҳад, илова намуд: “Мо бо сокинони марзӣ то нимашаб тамоси телефонӣ доштем, дар онҷо ягон тирпаронӣ ва ҳолатҳои захм бардоштани сокинон ба қайд гирифта нашудааст. Вале бояд гуфт, қирғизҳо ягон бор тоҷиконро таҳрик надодаанд. Ин онҳо мебошанд, ки намехоҳанд дар фазои дӯстӣ бо ҳам зиндагӣ кунем.”
Дар ҳамин ҳол, Кенҷабек Бокоев бо зикри ин нукта, ки шаҳрвандони муқими минтақаи марзии ду кишвар ба тарафи якдигар санг партофтаанд, аз он ибрози нигаронӣ намуд, ки агар онҳо силоҳ медоштанд, ҳатман ба самти ҳамдигар оташ мекушоданд. Торобай Зулпукаров, муовини раиси парлумони Қирғизистон, сурат гирифтани тирпаронӣ дар ҳодисаи шоми 7 апрел миёни сокинони кишвараш бо тоҷиконро таъйид карда, гуфт, "воқеан онҷо оташкушоӣ шудааст, вале на ба самти ҳамдигар, балки барои пароканда сохтани мардум ба осмон парондаанд. Ҳоло ба маҳалли ҳодиса Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазир оид ба умури амниятию марзӣ ва Курсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон рафтаанд."
Дар охир Тошпӯлод Болтабоев, намояндаи мардумӣ аз ҳизби “Ота-Макон”-и Қирғизистон ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, барои таҳқиқи ин ҳодиса бояд гуруҳи кории парлумонӣ тахсис дода шавад. Ӯ илова намудааст, “сокинони минтақаи назди марзӣ мегӯянд, агар давлат онҳоро ҳимоят накунад, маҷбур манозиле, ки ҳукумат онҳоро дар онҷо муқим кардааст, тарк кунанд.” Ӯ аз парлумони кишвараш хост, фавран ба ҳалли ин масъала пардохта, роҳҳали мушкилро пайдо кунад.