ВКД-и Қирғизистон шарҳ дод, ВКД-и Тоҷикистон: “Маълумот надорем”
Дар ҳоле ки ҷониби Қирғизистон бо нашри даҳҳо иттилоъ ва чопи рӯйхати ҷароҳбатбардоштагон муноқишаи шаби гузашта дар марз бо Исфараро ба нафъи худ пӯшиш медиҳад, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳи расмии ин қазияро нагуфтаанд.
Аз ҷумла, тамоси мо бо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои дарёфти иттилои расмӣ дар бораи муноқишаи сокинони Исфараю Бодканд бенатиҷа буд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, то ҳол маълумоте дастраси онҳо нашудааст ва аз ин рӯ наметавонад чизе бигӯяд.
Мусоҳиби мо ҳатто дар мавриди он ки чанд нафар аз сокинони Исфара захм бардошта, ҳоло бистариянд, низ изҳори беиттилоӣ кард. Ин дар ҳолест, субҳи 8 май Вазорати умури дохилии Қирғизистон бо нашри баёнияи расмӣ ҳодисаи шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, муноқишаи тоҷикҳову қирғизҳо дар роҳи Ворух-Исфара, ки аз тариқи Оқсой, Куктош ва Орто-Боз мегузарад, бо сангпартоӣ аз ду ҷониб оғоз ёфтааст.
ВКД-и Қирғизистон, инчунин, рӯйхати даҳ нафар аз сокинони Бодкандро, ки дар ин муноқиша захм бардошта, бистариянд, низ нашр кардааст. Масъулони умури дохилии кишвари ҳамсоя гуфтаанд, ду тан аз сокинонашон аз тири силоҳи оташфишон ҷароҳат бардоштаанд, ки базудӣ онҳоро мушаххас хоҳанд кард.
Бо ин ҳама, ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст. Танҳо чизе, ки расонаҳои кишвар дар ин замина ба нашр расонданд, иттилоест, ки аз тарафи сокинон ва бархе аз масъулони деҳаҳои ҷамоати Ворухи Исфара дастрас шудааст. Бино ба иттилои онҳо, дар муноқишаи шаби гузашта даҳҳо сокини Исфара ҷароҳат бардошта, бархеи онҳо дар бемористон қарор доранд. Онҳо мегӯянд, санги зиёди ҷамъовардаи ҳамсоя баёнгари он буд, ки ҷониби кишвари ҳамсоя аз қабл барои ин муноқиша омода дидааст.
Дар акс: Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон