Додгоҳи Аврупо ба Русия: Шаҳрвандони Узбакистонро истирдод накунед
Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, дар сурати истирдоди шаҳрвандони дар Маскав боздоштшудаи Узбакистон ба ватан, ҳуқуқи онҳо нақз хоҳад шуд.
Сомонаи расмии ин ниҳод гуфтааст, дар сурати истирдод моддаи 3-и Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон (манъи шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ) нақз мешавад. Додгоҳ ба ватан интиқол додани чор шаҳрванди Узбакистнро манъ кардааст.
Русия метавонад аз болои қарори Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон шикоят барад, аммо набояд то анҷоми баррасиҳои судӣ боздоштшудаҳо истирдод шаванд.
Ин чор шаҳрванди Узбакистон соли 2011 барои дарёфти кор ба Русия омада, моҳи ноябри соли 2012 бо дархости мақомоти Узбакистон боздошт мешаванд. Дар Узбакистон онҳоро барои узвият дар созмонҳои динии экстремистӣ муттаҳам мекунанд. Додситонии кулли Русия баҳори соли 2013 дархости Узбакистон дар мавриди истирдоди онҳоро рад карда, раҳояшон кард. Аммо баъди чанд вақт ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунӣ дубора дастгир шуданд. Додгоҳи Русия қарори ба ватан истирдод намудани онҳоро содир кард.
Ҳамчунин, додгоҳ дархости ин шаҳрвандони Узбакистонро барои дарёфти паноҳгоҳ дар Русия рад намуд. Моҳи апрели соли 2013 онҳо ба Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон шикоят бурданд. Ба гуфтаи ин афрод дар ватан онҳо шиканҷа хоҳанд шуд.