Интизории беш аз 2,5 ҳазор оила барои гирифтани замин дар Файзобод
Масъулони ҳукумати ноҳияи Файзобод аз афзоиши муроҷиати сокинон барои гирифтани замин хабар дода, мегӯянд, беш аз 2,5 ҳазор оила дар ин минтақа ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ниёз дорад.
Илҳом Ҳасанов, раиси Идораи замини ноҳияи Файзобод гуфтааст, 5 ҳазор сокини ин ноҳия дар навбати гирифтани замини наздиҳавлигӣ буда, то ҳол ба 2 ҳазору 335 нафари онҳо қитъаи замин додаанд. Ба гуфтаи ӯ, соли 2011 бо қарори ҳукумати кишвар 485 гектар замин барои шаҳрвандони ҷудо карда шудааст.