Нота (номаи эътирозӣ)-и Қирғизистон ба Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар робита ба задухӯрди шоми 7 май миёни сокинони ду кишвар бо фаро хондани сафири Тоҷикистон дар Бишкек нотаи эътирозӣ додааст.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, Эрлан Абдилдаев, раҳбари ин ниҳод, рӯзи 8 май нотаро ба Олим Раҳимов -- сафири Тоҷикистон дар Бишкек тақдим кардааст. Манбаъ мегӯяд, Абдилдаев дар суҳбат бо Раҳимов аз амалкарди сокинони Исфара дар қаламрави кишвараш шадидан нигаронӣ кардааст. Инчунин, вазири умури хориҷии Қирғизистон аз дипломати тоҷик таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса ва муҷозоти дастандаркоронро талаб намудааст.
Дар пайи задухӯрди сокинони минтақаи ҳаммарзи вилояти Бодканд ва Суғд, Олим Раҳимов -- сафири Тоҷикистон дар Бишкек ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон фаро хонда шудааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, Раҳимов рӯзи 8 май ба ин ниҳод даъват шуда, сабабаш машварат дар робита ба қазияи мазкур мебошад.
Дар ин муноқиша, ки шоми гузашта миёни сокинони Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рух дод, беш аз 30 сокини кишвар захмӣ шуда, ҳоло шаш тани онҳо, аз ҷумла як маъмури пулис, дар бемористон будаанд. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон ҳам мегӯяд, дар ин задухӯрд 30 тан аз сокинони онҳо ҷароҳат бардоштаанд.
Манбаи мо аз Исфара гуфт, ин задухӯрд дар пайи сангпартоии қирғизҳо ба сӯи мошини як сокини ҷамоати Ворухи Исфара рух дода, баъдан бо ҷамъ шудани одамон аз ду тараф бузургтар шудааст. “Ҳоло намояндагони мақомоти қудратии ду ҷониб дар ҷои ҳодисаанд ва мардумро ба хештандориву оромӣ даъват мекунанд”,-афзуд ӯ. Мусоҳиби мо илова кард, дар ин задухӯрд қирғизҳо аз силоҳи оташфишони шикорӣ низ истифода кардаанд, ки аз тири он ду нафар захм бардоштаанд.
Манбаъ мегӯяд, зоҳиран ин ҳодиса аз сӯи қирғизҳо тарҳрезӣ шуда буд, чун ба қавли ӯ, ҳамсояҳо дар ҷои ҳодиса санги зиёдеро ҷамъоварӣ карда будаанд. Аммо расонаҳои қирғизӣ ин ҳодисаро ба гунаи дигар шарҳ медиҳанд ва бо такя ба қавли манобеи худ менависанд, далели ба миён омадани муноқиша гӯиё ворид шудани чорвоҳои тоҷикон ба минтақаи марбут ба қирғизҳо будааст.
Бо ин ҳол, ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ уфтода, ки қарор аст, 11 майи соли ҷорӣ дар Душанбе музокироти гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили марзӣ баргузор гардад. Баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои Исфара, ки тарафи марзбонҳои тоҷику қирғиз ҳашт захмӣ боқӣ гузошт, доғ гардиданд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте гуфта буд, тирпаронӣ бидуни кадом огоҳӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои қирғиз оғоз ёфта, марзбонҳои тоҷик танҳо барои ҳифзи ҷонашон ба онҳо ҷавоб додаанд. Иддаое, ки мақомоти Қирғизистон онро рад кард ва сафирашро барои мушовара ба Бишкек хонду гузаргоҳҳои марзиро баст.