Китоби Ҳамроҳхон Зарифӣ дар бораи замине, ки ба Чин дода шуд
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон, дар китоби нави худ ба моҷарои баҳсбарангези марзи кишвар бо Чин равшанӣ андохтааст.
Бар асоси хабари Оҷонси иттилоотии миллии “Ховар”, ин китоб бо унвони “Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ” дар нашриёти “Ирфон” зери таҳрири академик Талбак Назаров рӯи чоп омадааст, ки яке аз муаллифони он Аҳмадҷон Сатторов низ ба шумор меравад.
Собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин рисолаи дипломатии онҳо “ба муайянсозии хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Хитой дар қисмати мушкилгузари ҷониби шарқии кӯҳҳои Помир дар баландии аз 4100 то 6700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгирбуда бахшида шудааст.”
Манбаъ такя ба суханони оқои Зарифӣ гуфтааст, “дар китоб маводи зиёди воқеии тасдиқкунанда оид ба масъалаи мазкур ҷой дода шудааст, ки Тоҷикистон мушкилоти марзии худ бо кишвари ҳамсояро, ки чандин аср мавҷуд буд, судмандона ва созанда ҳал кардаасту манфиатҳои миллӣ ва амнияти ҷониби шарқии марзи худро таъмин намуд.” Дар “Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ” ҳамзамон вохӯриҳои чандинкаратаи ҳайатҳои ду кишвар, гурӯҳҳои корӣ, мулоқоти сатҳи олӣ бо мақсади ҳалли масоили сарҳадӣ бо Чин ва таъмини амнияти миллии Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ карда шудааст.
Ёдрас мешавем, моҳи январи соли 2011 парлумони Тоҷикистон протоколи аломатгузории марз бо Чинро тасдиқ намуд, ки бар асоси он 1,1 ҳазор километри мураббаи қаламрави баҳсӣ ба ихтиёри Чин гузаштанд ва ин 0,77%-и аз масоҳати умумии қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Маросими ба ихтиёри Чин вогузоштани қаламрави мазкур тирамоҳи соли 2011 баргузор гардид.
Ин амали мақомоти Тоҷикистон бо вокунишҳои шадиди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯшанфикрон рӯбарӯ гардид. Он вақт Ҳамроҳхон Зарифӣ чунин тасмимро бурди дипломатияи тоҷик унвон карда, Сӯҳроб Шарифов, раҳбари собиқи Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфта буд, “давлати Чин бо он қудрате, ки дорад, метавонист барои гирифтани замин иҷоза напурсад ва мустақим то Хоруғ биёяд.”