Сулҳи ҳабдаҳсола. Ид ҳаст, ваҳдат куҷост?
Азизи НАҚИБЗОД
Тоҷикистон дар 23 соли истиқлол дастоварди он қадар муҳиме надошт, ба ҷуз сулҳе, ки пас аз панҷ соли ҷанги нангини бародаркушӣ миёни ҳукумат ва мухолифонаш ба вуқуъ пайваст. Ҳарчанд ҳамаи қисматҳои созишномаи сулҳ ба таври комил амалӣ нагардиданд, вале ба ҳар ҳол даст аз ҷанги нангин кашидан худ бузургтарин қадам буд.
Баъд аз барқарории сулҳ дар дили ҳар як тоҷик шуълаи умед фурӯзон гашт. Умед ба фардои рӯшан, зиндагии ободу осуда ва аз ҳама муҳим сарҷамъии миллат. Дигар мардум интизори онро доштанд, ки мо дар якҷоягӣ ҷомеаеро ба вуҷуд хоҳем овард, ки инсон соҳибқадр мешавад. Ақлу мантиқ ба ҷои Калашников ҳукм меронанд. Қонун миёни шоҳу гадо фарқ намегузорад. Адолат ҷои ҷаҳолатро мегирад. Аммо…
Дар оғоз ҳама сухан аз Ваҳдат мегуфт.
Аз ягонагӣ.
Аз созандагӣ.
Аз адолат.
Аз рушд.
Аз қатъи хунрезӣ, аз тарки душманӣ, аз интиҳои торикӣ, аз хатми шармандагӣ, аз анҷоми сарафкандагӣ.
Вале…
Аз он рӯзҳо кунун 17 сол мегузарад. Ҳукумат ва расонаҳои давлатӣ ҳамеша аз сулҳ мегӯянд. Худро қаҳрамони сулҳ ҷилва медиҳанд. Ошашон шавад! Лекин чаро ба ҷуз сулҳ ҳарфе ба забон намеоранд? Зеро дастоварде ғайр аз ин надоранд.
Чунки мафҳуми ваҳдат танҳо шиор шуд. Ваҳдати воқеӣ ба миён наомад. Мухолифони ҳукуматро аввалан оҳиста-оҳиста аз вазифаҳои давлатӣ дур намуданд. Бархе ба кунҷи зиндон кашида шуданд. Фишору сиёҳсозии чеҳраҳои дигарандеш то кунун идома дорад. Дуруст аст, ки гурезаҳоро овардем, аммо якуним миллионро водор ба ҳиҷрат намудем. Магар ҳамин сарҷамъист? Оё ин ваҳдати миллат аст?
Созандагӣ ба маънои томаш ба вуҷуд наомад. Аксари корхонаҳои саноатии сарсарӣ хусусишуда аз фаъолият монданд. Дар ин соҳа то ҷойе расидем, ки имрӯз барои ҳисобот сехҳои барои сохтмон шағал омода мекардаро (карьерҳо) дар қатори корхонаҳои саноатӣ бармешуморем. Бахши саноат инқироз кард! Агар бовар намекунед, ба ман бигӯед, ки мо чӣ истеҳсол мекунем?
Дар хусуси соҳаи кишоварзӣ ҳарф задан танҳо талафи вақт асту бас. Кишвар рушд накард. Рушд аз ҳаво ба даст намеояд. Кишварҳоро бахши саноат рушд медиҳад. Саноат, ки нест, рушд аз куҷо? Адолат ҳам дар ҷомеаи мо ба таври зарурӣ роҳ андохта нашуд. Ангор қонун хосу омро ҷудо мекунад. Ҷабрдидаҳои дилмонда аз низоми додгоҳӣ ҳар рӯз аз раисҷумҳур умедворона имдод меҷӯянд. Шикояташон дубора ба ҷои дилмондаашон бармегардад.
Аз рӯшноӣ низ дарак нашуд. Дар қаъри зулмот боқӣ мондем. Ҳам ба маънои аслӣ ҳам маҷозӣ. Рӯи барқро дар соле шаш моҳ мебинем. Мактабу маориф дар ҳамон сатҳест, ки буд. Ҳанӯз муаллим мардикорӣ меравад, китоб намерасад, устодон тарки касб мекунанд…
Сад шукр, ки аз ору шармандагии бародаркушӣ раҳидем, аммо ба нанги фақириву гастарбайтерӣ гирифтор шудем.
Бо ин ҳама ҷашну идро дӯст медорем. Бо ду иди мусулмониву ду се ҷашни миллӣ ва чандин иди боқимонда аз Шӯравӣ қаноат накарда, ҷашнҳои нав ба нав ихтироъ менамоем. Дар воқеъ, ба наздикӣ боз ид дорем. Ҷашни Ваҳдати миллӣ. Манзур ва мақсад аз таҷлили ин санаро дарк намекунам. Ба хусус дар ҳамин сол. Зоҳиран ҷашни иттиҳоди миллат бояст бошад, вале иттиҳод бо кӣ?
Бо Кабирӣ, Тӯраҷонзода, Искандаров, Зайд Саид, Ҳусайнӣ, Ҳайит…?
Ин чеҳраҳоро, ки дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат беш аз як сол аст сип-сиёҳ менамояд. Гунаҳкор, бархеро ҷинояткор ҳатто хоини миллату давлат муаррифӣ мекунад. Хатарнок мешуморад.
Пас мантиқи ваҳдат чӣ мешавад?
Ид барои чӣ?