Душанбе ба Ҷашнвораи Этно-ҷаз омода мешавад
Дар доираи Ҷашнвораи Этно-ҷаз 15 ва 16 моҳи ҷорӣ дар “Кохи Ҷомӣ”-и Душанбе бо ширкати гуруҳҳои ҷаз аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Олмон барномаҳои консертӣ баргузор мешавад.
Тавре аз маркази фарҳангии “Бохтар” иттилоъ доданд, 15 май барномаи ҳунарии гуруҳҳои “Авесто” (Тоҷикистон), “Айо" (Қирғизистон), “Шункар” (Узбакистон) ва “Форсӣ” (Русия) ва 16 май консерти гуруҳҳои “Мизроб” (Тоҷикистон), “Ҷаззирама” (Узбакистон), “Дарвешҳо” (Қазоқистон)
ва Роман Сихон (Олмон) баргузор мешавад.
Ҳамчунин ба иттилоои манбаъ, 17 май дар Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов гуруҳҳои “Орзу”, “Пайванд”, “Авесто”, “Dadj'6” (Тоҷикистон), Трио Стефана ТСАПИСА (Фаронса), Мартин Райтер (Австрия) ва Ник Катсакис (ИМА) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ба ҷуз ин, дар консерваторияи мазкур мизи гирд дар мавзӯи “Рушди этно-ҷаз ҳамчун жанр баргузор мешавад.