Талаби Сайидумар Ҳусайнӣ аз Шукурҷон Зуҳуров
Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хостори таъсиси комиссияи парлумонӣ барои таҳқиқи ҳамла алайҳи ӯ дар Бадахшон шудааст.
Ин вакили парлумон аз Шукурҷон Зуҳуров тақозо намудааст, қазияро ҷиддӣ мавриди назорат ва таҳқиқ қарор диҳад. Ҳусайнӣ бо зикри ин нукта, ки бо вуҷуди вакили Маҷлиси Намояндагон буданаш мавриди ҳамлаи гуруҳе дар вилояти Бадахшон қарор гирифтааст, барои таҳиқи мӯшикофонаи ин моҷаро як чанд пешниҳоде низ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар баробари ташкили комиссияи парлумонӣ бояд “масъулини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои шарҳи масъала даъват шаванд, ба мақомоти дахлдор барои таҳқиқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани тарроҳону иҷрокунандагони ин амали ҷиноятӣ дархости расмӣ фиристода шавад ва ҳамзамон барои доир намудани мулоқоти вакил, яъне банда бо интихобкунандагон дар шаҳри Хоруғ, аз тарафи Маҷлиси намояндагон шароити лозим фароҳам оварда шавад.”
Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки барои расонидани муҳтавои паёми солонаи раисиҷумҳур субҳи 28 апрел ба Хоруғ рафта буд, мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи 15-нафарӣ дар дафтари ҲНИТ дар Хоруғ ба ӯву ронандааш дарафтода, гуфтаанд, барояшон ин ҳизби исломӣ лозим несту бояд ҳарчӣ зудтар ин маконро тарк кунанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо баъд аз як рӯзи ин ҳодиса бо нашри гузорише қазияи Сайидумар Ҳусайниро шарҳ дода, гуфт, дар ҷараёни сафари ӯ ба Хоруғ миёни онҳо ва аъзои ҳизбашон муноқиша бархостааст. “Ҳангоми гуфтушунид миёни аъзои ҲНИТ ва собиқ раиси дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов муноқиша ба миён омадааст”,-менависад торнамои ВКД.
Вале Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шарҳи Вазорати умури дохилии кишварро натоиҷи таҳқиқи ғайримунсифона хондааст. Масъулини ҲНИТ рӯзи 30 апрел бо нашри баёнияе таҳқир ёфтани мардуми Бадахшон аз сӯи Ҳусайнӣ ва ҳамроҳонашро такзиб карда, гуфтаанд, далоили ВКД дар робита беасос мебошад. Инчунин, дар ин баёния таъкид шудааст, Асрор Булбулов, ки масъулини ВКД ӯро собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ хондаанд, аз воқеият дур буда, ӯ ҳеч гоҳ дар ин симат ифои вазифа накардааст ва низ Шоҳнаими Карим, ки аз ӯ раиси дастгоҳи ҳизб ном бурда шудааст, ғалат мебошад.