Президент гуфт, дар соли гузашта $20 000 даромад дошт
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, дар соли 2013 ҳудуди 20 ҳазор доллари амрикоӣ даромад доштааст. Ӯ дар ин бора ҳангоми ироаи ҳисоботи солона ба мақомоти андози кишвараш хабар додааст. Ба қавли Отамбоев, ин маблағро ӯ ҳамчун музди меҳнаташ соҳиб шуда буд.
Отамбоев соҳиби замини корам аст, ки масоҳати умумии он 64 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳаду яке аз муассисони Бунёди “Форум” ба шумор меравад. Инчунин, ба номаш мошини навъи “Тойота Лэндкрузер” сабт шудааст, ки соли баромади он 2007 мебошад.
Дар эъломияи ҳисоботии раисиҷумҳури Қирғизистон, инчунин, дар бораи даромади солонаи ҳамсари ӯ - Р.Отамбоева низ маълумот дода шудааст. Бар асоси он, хонуми рақами яки Қирғизистон дар соли гузашта 87 ҳазору 546 соми қирғизӣ музди меҳнат дошта, 120 ҳазору 328 доллар аз коғазҳои қимматнок фоида ба даст овардааст.
Ба номи ҳамсари раисиҷумҳури Қиғизистон як гаражи мошин низ сабт шудааст, ки масоҳати умумии он 15,7 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Инчунин, хонуми рақами яки Қирғизистон соҳиби ду хона, ки мувофиқан масоҳати онҳо баробар ба 133,3 ва 51,3 метри мураббаъ мебошаду ҳамзамон 86,8%-и саҳмияҳои “Медиафорум”-ро соҳиб аст.