Ҷавоби “не”-и Амрико ба дархости Муҳиддин Кабирӣ
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ба дархости Муҳиддин Кабирӣ -- раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои дарёфти “виза” (раводид) ба ду масъули ин ҳизб ҷавоби рад додааст.
Оқои Кабирӣ рӯзи 6 майи соли ҷорӣ бо ирсоли номаи расмӣ аз бахши консулии сафорати Амрико хостааст, барои дарёфти раводид ба Илҳомҷон Ёқубов -- раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд ва Маҳмудҷон Файзраҳмонов -- сухангӯи раҳбари ин ҳизб мусоидат кунанд. Дар ин нома гуфта шудааст, Ёқубов ва Файзраҳмонов бояд рӯзҳои 24 ва 26 майи соли ҷорӣ дар анҷумани Маркази исломии Амрикои шимолӣ (ICNA) дар шаҳри Балтимори иёлати Мериленди Амрико иштирок кунанд. “Тамоми масорифи сафар ва будубошашон дар Амрико аз сӯи ҳизб ва Анҷумани исломӣ пардохта хоҳад шуд”,-омадааст дар нома.
То ҳол масъулони сафорати Амрико дар Душанбе далели раводид надоданашон ба ду масъули Ҳизби наҳзати исломиро шарҳ надодаанд. Раёсати ҲНИТ низ дар ин бора мавқеи худро рӯшан накарда, фақат гуфтанд, ки базудӣ тафсилоти бештарро дар ихтиёри хабарнигорон хоҳанд гузошт.
Маркази исломии Амрикои шимолӣ (ICNA) яке аз қавитарин муассисаҳои исломӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба ҳисоб меравад, ки ҳар сол анҷумани бузурги худро баргузор мекунад.