Даъвати Муҳаммадӣ барои кору зиндагии тоҷикон дар Дубай
Дар пайи афзоиши ҳолатҳои таҳқир ва куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, яке аз корбарони “Озодагон” бо ирсоли номае ба унвони хабаргузорӣ ҳамватанони худро барои кор ба Иморати Муттаҳидаи Араб даъват менамояд.
Абдулқодири Муҳаммадӣ, ҷавони тоҷик, ки чанд соли умри худро дар муҳоҷират сипарӣ кардааст, мегӯяд, барои муҳоҷирони кории тоҷик макони беҳтаре ҷуз Иморот наметавон пайдо кард.
Ба гуфтаи ӯ, Иморот аз Русия дида бартариҳои зиёд дорад. “Тавре мушоҳида кардам, дар шаҳри Дубай бачаҳои тоҷик зиёданду вазъи эшон аз ҳамватанони дар Русия будаашон беҳтар аст. Ҳар вақт инҷо ба коре қабул шудед, аввалин гоме корхона мебардорад, ин дуруст кардани ҳуҷҷатгузории Шумо, таъмини сару либос ва ҷойи зисту ғизо мебошад. Инчунин, ҳар моҳ як ё ду бор аз тарафи шаҳрдорӣ хонаҳои муҳоҷирин мавриди санҷиш қарор гирифта, дар сурати ҷой доштани камбуд соҳиби корхона ҷарима баста хоҳад шуд. Аз қутии ёрии аввалияи тиббӣ сар карда, то болишту болопӯш ва кондитсонеру яхдон бояд дар ҳуҷраҳо бошад. Албатта, ин ҳама аз ҳисоби корхона таъминанд. Бар иловаи ин рӯзҳои истиоҳат бидуни ягон мушкил озод метавонӣ дар кӯчаву хиёбонҳо пиёдагардӣ кунӣ. То агар ягон қонуншикание накунӣ бо пулис рӯбарӯ нахоҳӣ шуд. Имтиёзи дигар ин аст, ки ширкатҳо дар сурати рафтани коргарони худ ба ватан ҳар сол ё як тараф ё рафту баргашт пули чиптаи ҳавопайморо пардохт менамоянд”,-навиштааст ӯ.
Оқои Муҳаммадӣ мегӯяд, дар ҳоле ӯ ҳамватанони худро барои кор ба Иморот мехонад, ки шахсан чанд соли умрашро ҳамчун муҳоҷири корӣ дар Русия сипарӣ кардаву аз рӯзҳои сахти онҳо дар ин кишвари бегона огоҳ аст: “Вақтҳои охир дар матбуот ва интернет ҳамааш аз тақдири муҳоҷирон ва будубоши онҳо дар Русия менависанд. Банда бо ин ҳарфу пешниҳод танҳо мехоҳам, чизеро, ки худ дорам бародарону ҳамватанонам ҳам дошта бошанд. Банда қариб се сол дар шаҳрҳои гуногуни Русия будам, аз ҷумла дар Маскав. Тоҷикон дар Русия бадтарин ҷои корро доранду шароити пасти зиндагӣ нисбат ба дигар қавму миллатҳо насиби онҳост. Барои мисол озариҳо ё қавму миллатҳои дигар ба тиҷорат, муҳандисӣ машғуланду аммо тоҷикҳо дар бозор аробакашӣ, дар сохтмонҳо корҳои пастро мекунанд. Ин воқеиятест, ки наметавон инкораш кард. Бар замми ин ҳама, аз дасти пулис ва русҳои миллатгаро ҳамеша дар азобанд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистони дорои шиносномаҳои русӣ дар муноқишаи Душанбею Маскав дар соли 2011 мавриди фишору таъқиб қарор доштанд. Шиносномаҳои онҳоро ба табааи Русия доштани эшон низ нигоҳ накарда, пора карданду ба ватан ихроҷ намуда буданд.”
Хонандаи мо гуфтааст, ҳоло ҷомеаи Иморот ба мардони соҳибкору дорои маълумот ва тоҷирони муваффақ ниёз дорад. “Албатта, барои ҳамватанони дорои маълумоти миёна низ корҳо зиёданд, ҳоло бисёре аз бачаҳои тоҷик дар марказҳои савдову ошхона ба ҳайси корфармою иҷрогар фаъолият доранд. Фазои ин минтақа низ барои ба роҳ мондани нақшаҳои тиҷорию соҳибкорӣ бисёр мувофиқ мебошад. Барои фаъолияти ин қишр ҳамагуна шароитҳо фароҳам мебошад. Чизи аз ҳама муҳим ин ки тоҷирон аз аксар намуди андозҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон месупоранд, дар инҷо озоданд”,-таъкид доштааст Абдулқодири Муҳаммадӣ.