Қирғизбек Канунов: Ба мо “каду”-ҳои хориҷӣ даркор нестанд
Ҳамеша чунин фикр мекардам, ки мутахассисони хориҷӣ бояд ба кишвари мо омада, ба мардум дониши муосир ва таҳаввулотро расонанд, на ин ки “ҷоҳилият”-ро аз мо омӯхта, боз як дарди сари дигар барои ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд.
Як хориҷии камдонишу савлатманд дар роҳбарияти созмони байналмилалӣ! Ӯ нисбат ба зердастонаш нописандӣ карда, парастиши шахси худро ҷорӣ ва рафтору кори раисони шикамкалони маҳаллии сохтори давлатиро қариб оина барин такрор мекунад. Ҷои таассуф аст, аммо бовар дорам, чунин ҳолат на танҳо бо ман, балки ба бисёриҳо шинос аст. Бадтараш он аст, ки чунин ҳолат барои баъзе созмонҳои байналмилалӣ одӣ ва ҳатто қолабӣ шудааст.
Ман бо хориҷиёни зиёд, аз он ҷумла аз мамолики дур, ҳамсуҳбат шудаам ва бо боварии комил метавонам гӯям, ки аксари онҳо шахсони адекват ҳастанд. Аммо аз чи бошад аз элаки интихоби намояндагон ба Тоҷикистон шахсоне ҳамчун намояндаи кишвари худ мегузаранд, ки на танҳо фарҳанги тоҷику тоҷикистониёнро намедонанд, балки ҳатто омӯхтан намехоҳанду ба он бо назари таҳқир менигаранд. Баъзеяшон бошанд, кори худро ба хубӣ намедонанду нозукиҳоро аз зердастони маҳаллии худ меомӯзанд. Шунида будам, дар кишварҳои муштаракулманофеъ ширкатҳое ҳастанд, ки дар ивази маблағ, ҳолномаи (CV) ҳар касро ба талаботи ҳар созмон барои ишғоли ҳар вазифа мувофиқ карда медиҳанд.
Бори аввал ман бо чунин мушкил вақте рубарӯ шудам, ки дар лоиҳаи як созмони байналмилалӣ дар Душанбе кор мекардам. Мудири кулли лоиҳа, мувофиқи ҳолнома, Осиёи Марказиро хуб медонисту ба забони русӣ равон ҳарф мезад. Аммо чуноне маълум шуд, дар амал ӯ ба ягон забон дуруст ҳарф зада наметавонист.
Ҳамин тавр, тамоми “кори сиёҳ”-ро кормандони маҳаллӣ иҷро карда, “бонус” ба ин роҳбар мерасид. Дар баробари ҳамаи камбудиҳояш, ӯ боз волоияти худро исбот карданӣ шуда, ба вазифаи баландаш ишора менамуд. Ростӣ, бо мо чунин ҳила намегузашт: мо, ба ҳар ҳол, дар Русия ва дигар кишварҳои Ғарб таҳсил карда ва қадру қимати худро медонистем.
Аммо ҳастанд касоне, ки бо сабабҳои гуногун – яке аз ноилоҷӣ, дигаре аз сабаби тарбия ва менталитет, чунин муносибати ғайритахассусӣ ва ҳатто таҳқиромезро тоқат мекунад.
ТАЙЁРХӮРОНУ ФАСОДЗАДАҲО МЕОЯНД?
Ин ҳама чанд сабаб дорад. Қабл аз ҳама, сатҳи низоми идораи иҷтимоию давлатӣ ва дигар сохторҳо, аз он ҷумла низоми маориф, дар кишвари мо хеле поин рафтааст. Дар натиҷа, сатҳи талабот ба ҷалби кормандон низ поин рафтааст. Ҳамаи ин сохтору низомҳо ба давраи сарбастае ворид шуданд, ки дар он ҷаҳолат ба ҳамроҳии фасод мушкилотро садчанд мекунанд. Фикр мекунам, чунин муносибат нисбат ба ҷалби кормандони хориҷӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Як нуктаи дигар низ ҳаст: кишвари мо барои рушд дар кор, ҳатто барои шаҳрвандони худаш ҷолиб нест. Хориҷиён шӯхӣ мекунанд, ки назди мо ягон одами солим намеояд. Гуфта мешавад, дар ҳар шӯхӣ, ҳиссае танз асту боқӣ аз ҳаёт. Чунин бармеояд, ки ба кишвари мо мутахассисони сатҳи миёна меоянд, чунки беҳтарин мутахассисон дар ҷойҳои дигар талабгор доранд, дар ҷойҳое, ки вазифаро аз рӯи ҷуғрофияи шахс ва ғафсии кисааш тақсим намекунанд.
Сабаби дигар метавонад он бошад, ки бештари лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалӣ масоили кормандонро мувофиқи имконоти молии худ ҳал мекунанд. Ба ин раванд, ба хусус нисбати кормандони маҳаллӣ, таъсир гузоштан қариб ғайриимкон аст. Ҳолати дугонае ба вуҷуд меояд: ёрӣ мекунанд, аммо чуноне ки худашон салоҳ донанд, бидуни дарназардошти фикри кормандон ва ҷомеаи маҳаллӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар бештари созмонҳои байналмилалӣ принсипи устуворӣ талқин мешавад: таъмини устувории лоиҳа тавассути ташаккул ва рушди имконоти маҳаллӣ барои дар оянда вогузор намудани корҳои идорӣ ба худи гуруҳи мавриди назари лоиҳа. Аммо дар амал ин ба таври дигар сурат мегирад. Баъзе мутахассисони хориҷӣ, ки дар оғоз хеле муфид будаанд, дуру дароз дар як ҷой нишаста, то ҳадде карахт шудаанд: на худашон ягон корро то анҷоми мантиқӣ мерасонанду на ба дигарон ин имконро медиҳанд. На ба худу на ба дигарон.
Дар баробари ин, чунин мутахассисон обрӯи кадрҳои маҳаллиро поин бурда, ҳамеша чунин вонамуд мекунанд, ки малакаҳои касбӣ намерасад. Баъзан чунин таассурот пайдо мешавад, ки бархе кормандони созмонҳои байналмилалӣ ба рушди соҳаи худ ҳавасманд набуда, мекӯшанд ин равандро ба дарозо кашанду то абад идома диҳанд.
Таҷрибаи дигари басо аҷиб ин аст, ки ин созмонҳо пули ҳангуфту манобеи дигарро сарф карда кадрҳои маҳаллиро дар донишгоҳу донишкадаҳои номдори ҷаҳон омода мекунанд, аммо баъдан онҳоро гӯиё фаромӯшкардаю ояндаи онҳоро пайгирӣ наменамоянд. Ҳамин тавр, аксаран кадрҳои баистеъдод ба Ватан барнамегарданд. Ба ҳамин минвол, хатмкардагони макотиби олии номдор, аз сари кор дур меуфтанд.
Нуктаи дигар ин аст, ки созмонҳои байналмилалӣ метарсанд муносибаташон бо ҳукумати маҳаллӣ вайрон шавад ва мекӯшанд сиёсати дохилии худро мувофиқи талаботи ҳукумат тағйир диҳанд. Дар чунин лоиҳаҳо касоне мемонанд, ки ё гапдароянд, ё захираи фитрии зиёд надошта бо руасои худ рақобати эҳтимолӣ карда наметавонанд. Ҳамаи элементҳои дигари нохоҳам аз ҷониби низом дур карда мешаванд.
Дар дастгоҳи ҳукумати давлатӣ низ тақрибан чунин ҳолат аст: он ҷо низ дигар фикреро намепазиранд ва аз доноёну ташаббускорон дар ҳаросанд. Афсӯс, ки ин созмонҳо ба ҷои мусоидат ба рушди институтҳои ҷомеаи солими шаҳрвандӣ, сади иловагӣ ва воситаи назорат, ҳатто тобеъкунӣ, мешаванд.
Мо аз шумо беҳтарин дастовардҳоро интизор будем, аммо ба шумо бадтарин хусусиятҳои мо писанд омадаанд…
Мо имрӯз дар ҳақиқат ба таҷрибаи беҳтарини кишварҳои пешрафта ниёз дорем, на ба бадтаринашон. Мо ба мутахассисони хориҷие ниёз дорем, ки тавонанд фарҳанги олии кишварҳои дигарро муаррифӣ кунанд, нафароне, ки арзишҳои олии фитрӣ доранд.
Мо барномаҳои омӯзишӣ ва мубодилаи фарҳангиро дастгирӣ мекунем, аммо на «мубодилаи ҷоҳилият»-ро. Ва табиист, ки аз ҳамкорони хориҷиамон беҳтарин дастовардҳоро интизорем.
То вақте тартиби интихоби кадрҳо шаффоф набошад ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти бештар ҳис накунад, интизори беҳбудӣ шудан бефоида аст. Албатта, ин суханон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷаҳонӣ равона мебошанд. На ба ҳукумат, ки барояш ҳар нуқта сабаби фишор ва кӯшиши ба даст овардани даромаду фоида мебошад, ки албатта чунин дахолат аҳволро боз ҳам бадтар мекунад.
Ба Тоҷикистон кадуҳои хориҷӣ лозим нестанд!
Қирғизбек КАНУНОВ,
махсус барои "Озодагон"