Истирдоди Одинахӯҷа Давлатов баъд аз чор соли ҷустуҷӯяш
Одинахӯҷа Давлатов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки беш аз чаҳор сол мешавад, дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, аз Русия ба ватан истирдод шудааст. Мақомоти қудратии Тоҷикистон Давлатовро дар қаллобӣ ва азхудкунии молу амволи шаҳрвандон дар ҳаҷми ниҳоят калон аз роҳи фиреб муттаҳам менамоянд.
Ба қавли онҳо, ин сокини кишвар гӯиё соли 2007 аз яке бонкҳои шаҳри Кӯлоб ба хотири тавсеа бахшидан ба фаъолияти соҳибкориаш ба маблағи 2 ҳазор доллар қарз гирифта, аз пардохти он саркашӣ намудааст. Ҳамзамон Давлатов моҳи ноябри худи ҳамин сол ба боварии як ҳамватани худ даромада, 23 ҳазор доллари ӯро азхуд менамояду ғайб мезанад.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфтаанд, Давлатов тӯли чаҳор сол аст, дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дошта, моҳи июли соли 2013 дар яке аз навоҳии шаҳри Маскав аз сӯи маъмурини пулиси Русия боздошт гардида буд.