Суҷатҳа Сингҳ баъд аз сафари Русияву Чин ба Душанбе меояд
Суҷатҳа Сингҳ, ноиби вазири умури хориҷии Ҳиндустон, дар доираи як сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон меояд. Тавре Indian Express хабар медиҳад, хонум Сингҳ ҳафтаи ҷорӣ вориди Душанбе шуда, бо Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот анҷом хоҳад дод.
Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон ҳадафи боздиди муовини раҳбари худ аз Душанберо тақвияти равобити кишвараш бо Осиёи Марказӣ унвон кардааст. Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, вазири умури хориҷии Ҳиндустон дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъ дар Афғонистонро баҳс кунад.
Ин дар ҳолест, ки хонум Сингҳ қабл аз озими Душанбе шудан, дақиқтараш то 7 май, сафари кориеро ба Ҷопон, Чин ва Русия анҷом додааст.