Қатли шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон дар Екатеринбург аз дасти "афроди номаълум"
Дар шаҳри Екатеринбурги Русия як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон аз сӯи афроди номаълум кушта шудааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия, ҷасади муҳоҷири тоҷик рӯзи 6 май тахминан соати 17:00 дар кучаи Восстанияи Екатеринбург пайдо шудааст.
Манбаъ мегӯяд, шахсияти ҷасад бо ҳузури наздиконаш муайян карда шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Вазорати умури дохилии Русия аз тамоми сокинони наздик ба макони ҳодиса даъват кардааст, барои пайдо кардани омилони куштор кумак кунанд: “Қотилон ҳанӯз маълум набуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.”