Боздошти як сокини Исфара ба гумони нигаҳдории “Макаров”
Cокини 30-солаи шаҳри Исфара, Абдулло Қайюмов, бо гумони нигаҳдории яроқи оташфишони тамғаи “Макаров” бо 15 адад тираш боздошт шудааст.
Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд, бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ҳоло алайҳи Қайюмов бар асоси моддаи 195-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба гуфтаи манбаъ, соли истеҳсоли “Макаров”-е, ки мусодира шудааст, 1955 буда, ҳолати коршоямии он тасдиқ гардидааст. “Инчунин, тавассути туфангчаи мазкур содир шудани дигар ҷиноятҳоро низ муайян мекунанд”,-афзуд Акбар Шарифов.
Гуфта мешавад, гумонбаршуда Абдулло Қайюмов, қаблан бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ доғи судӣ дошта, соли 2008 туфангчаро бар ивази 200 доллар аз сокини дигари шаҳри Исфара, ки феълан дар қайди ҳаёт нест, харидорӣ намудааст. Давоми ду ҳафтаи ахир ин дуюмин ҳолат дар қаламрави вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Чанде пеш кормандони пулис як сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан, Расулхўҷа Қобиловро бо гумони нигаҳдории яроқи отшафишони тамғаи «Макаров» ва «Байкал» боздошт намуда буданд.