Агроинвестбонк: Алихонов 1,5 моҳ пеш аз худкушияш аз кор озод шуда буд
Масъулони “Агроинвестбонк” худовезии як корманди ҳамин бонк дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлонро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, якуним моҳ пеш аз ин ҳодиса ӯро аз кор озод карда буданд. Ба қавли онҳо, Ашӯралӣ Алихонов -- мудири шуъбаи қарздиҳии “Агроинвестбонк” дар Восеъ 17 марти соли ҷорӣ аз мақомаш барканор шудааст.
Вале мақомоти бонк аз ироаи ҷузъиёт дар бораи аз кор озод шудани Алихонов худдорӣ карданд. Онҳо афзуданд, ба далели он ки Ашӯралӣ Алихонов дар вақти худкушияш корманди онҳо набуд, маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса низ надоранд.
Ашӯралӣ Алихонов, мудири шуъбаи қарздиҳии “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шаби 4 ба 5 май худро дор кашидааст. Ин иттилоъро як манбаи муътамад аз Восеъ ба “Озодагон” гуфт, вале ба хотири он ки тафтишоти қазия аз сӯи пулис идома дорад, аз тафсилоти бештар худдорӣ намуд.