СРУ мегӯяд, умри тоҷикон аз узбакҳо кӯтоҳтар аст
Хадамоти кашшофии Амрико (СРУ) гузориши солонаи худро дар бораи умри миёнаи сокинони кишварҳои ҷаҳон нашр намудааст, ки дар он бадтарин нишондод миёни кишварҳои пасошӯравӣ насиби Тоҷикистон гардидааст.
Тоҷикистон дар ин раддабандӣ, ки миёни 223 кишвари дунё тартиб дода шудааст, дар мақоми 166-ум қарор дошта, умри миёнаи сокини кишвар 67,1 сол нишон дода шудааст. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама нишондоди беҳтаринро Узбакистон ба даст оварда, он дар мақоми 125-ум қарор дораду умри миёнаи сокинонаш 73,3 сол қайд мешавад.
Қазоқистон ва Қирғизистон мувофиқан дар ин раддабандӣ мақоми 150 ва 153-ро касб карда, умри миёнаи сокинони ин кишварҳо 70,24 ва 70,1 сол нишон дода шудааст. Аммо дар мавриди Турамкнистон маълумоте оварда нашудааст.
Хадамоти кашшофии Амрико мегӯяд, дар миёни шаҳрвандони 223 кишвари дунё аз ҳама умри дароз сокинони Монако медидаанд, ки умри миёнаи онҳо 89,57-ро ташкил медиҳад. Дар ин раддабандӣ Макао ва Япония мувофиқан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карда, умри миёна дар ин давлатҳо 84,48 ва 84,46 мебошад.