Лавҳаи ёдбуд ба хотири ҷанговарони тоҷик дар Русия
Дар қабристони Пискаревски шаҳри Санкт-Петербург лавҳаи ёдбуд барои ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги бузурги ватанӣ ё ҷанги дувуми ҷаҳонӣ гузошта шудааст. Ин маросим рӯзи 5 май сурат гирифта, дар он Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия иштирок кардааст.
Достиев зимни суханрониаш дар маросими пардабардорӣ аз лавҳаи ёдбуди ҷанговарони тоҷик гуфт, ин иқдом дар асоси пешниҳоди шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград иҷро шудааст: “Онҳо ба мо нома навиштанду мо низ ба шаҳрдории Петербург муроҷиат кардем, албатта, ин тасмими ҳамватанони мо қобили таҳсин аст.”
Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Русия, дар рӯзҳои аввали Ҷанги бузурги ватанӣ 300 ҳазор тоҷикон довталабона ба хотири ҳифзи марзу буми худ ва манофеи Иттиҳоди Шӯравӣ дар он иштирок кардаанд: “Он замон ин нишондод 10%-и аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод. Беш аз 92 ҳазор аз ҷанг ба ватан бар нагаштаанду 65 нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ қадрдонӣ шудаанд.”