Пан Ги Мун мехоҳад дар ҳалли буҳрони Украина миёнарав бошад
Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид аз омодагии худ ба ҳайси миёнарав дар ҳалли буҳрони Украина хабар додааст.
Ба иттилои Agence France-Presse, Пан Ги Мун аз мақомоти Украина, раҳбарони Русия, Иттиҳоди Аврупова ИМА даъват кардааст, ин мушкилро бо роҳи осоишта ҳал кунанд. “Ман омодаам дар сурати зарурӣ нақши худро гузорам”,-афзудааст ӯ.
Дабири кулли СММ аз хушунатҳо дар Украина изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар ба иҷрои шартномаҳои Женева таъкид намудааст: “Ман исрор меварзам, ки ҷонибҳои манфиатдор бори дигар бо ҳам мулоқот намуда, сари ин масъала фикр кунанд, ки кадом нукта сарфи назар шудааст ва ин қарордод иҷро намешавад”.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ даргириҳо дар Словянск ва Краматорск идома дорад. Ахиран, хабар дода шуд, ки нерӯҳои давлатии Украина дар ин ду маркази асосии ҷудоиталабон пешравӣ кардаанд.