Раҳмон: Кумак ба кишварҳои мусулмонии ақибмонда ба манфиати кулли Уммат аст"
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, муовини аввали Вазири авқофи давлати Кувайт ва раиси Маркази ҷаҳонии “Васатия” дар пайи як мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Кувайт ва ҳамгироии кишварҳои мусулмониро ба баррасӣ гирифтаанд.
Торнамои расмии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин дидор, ки пас аз зуҳри рӯзи гузашта дар Душанбе сурат пазируфт, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, “кӯмаки моддӣ ва молиявӣ ба мақсади таъмини пешрафти кишварҳои мусулмонии ақибмонда, андешидани чораҳои мушаххас барои аз байн бурдани фарқият миёни кишварҳои сарватманд ва фақир ба манфиати кулли Уммат аст”.
Дар ин мулоқот перомуни мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою иртиҷоӣ, ки аз номи поки дини мубини ислом ба манфиати худ сӯйиистифода мекунанд низ суҳбат шудааст. Манбаъ, меафзояд, "зикр гардид, Маркази ҷаҳонии "Васатия" чун созмони миёнарав дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва тарғиби оини таҳаммулпазирӣ дар ҷаҳони ислом мавқеи устувору муассир дорад.
Ба гуфти Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, давлати Кувайт омода аст, намояндагии Маркази ҷаҳонии “Васатия”-ро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, мутахассисони тоҷикро барои кор дар ин самт омода созад.