“Агар русҳо набуданд, дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем”
Дар пайи нашри нуқтаи назари Қодири Рустам, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, дар бораи “лентаи Георгий” ва иртиботи он бо миллати мо даҳҳо нафар шарҳи худро фирстоданд. Дар ин миён хонандае бо номи Ҷамшед Азимов як номаи бузурге фиристодааст, ки ҳоло дар шакли комил чоп мекунем.
“Салом бар Шумо бод, устод Қодири Рустам. Ман дарди Шуморо хуб мефаҳмам. Дарди Шумо дарди миллат, дарди ин марзу бум аст. Ва "лентаи Георгий" барои гуфтани ин дардҳо баҳонае беш нест. Хеле хуб. Аммо устоди гиромӣ, Шумо низ чун бештари ҳангомасозони расонаҳои хабарӣ "лентаи Георгий"-ро аз "лентаи гвардия" фарқ накардаед. Байни ин лентаҳо фарқ зиёд аст: аввалӣ моли Русияи подшоҳист, ки аз се банди сиёҳ ва ду банди зарди тиллоӣ иборат аст, дувумӣ моли СССР аст, ки ба Ҷанги ҷаҳонии дуюм рабт дорад ва аз се банди сиёҳ ва ду банди норанҷӣ иборат аст. Ин лентаҳо, ки имрӯз рӯйи он баҳс мекунед, "лентаи гвардия" (Гвардейская лента) аст, ки ба иштибоҳ "лентаи Георгий" мегӯянд ва Шумо, устоди гиромӣ, инро мехоҳед ё на, "лентаи гвардия" ба таърихи мо рабт дорад. Инкори таърих инкори падару модар аст.
Дигар, устоди азиз, пурсише дорам: мегуфтед, ки ин русбадбинии Шумо аз куҷост? Дар маҷмуъ, ҳеч миллате ва ҳеч халқе бад буда наметавонад, нодурусткорӣ аз роҳбарони манфиатҷӯст. Инҷониб ба ҳамаи халқу миллатҳо эҳтиром дорам, бавежа ба русҳо. Шумо таърихи Бухорои амирӣ ва ба Осиёи Марказӣ даст ёфтани русҳоро аз ман хубтар медонед. Дуруст аст, ки нодурусткориҳо ва иштибоҳҳо зиёд буданд, вале ин нукта мусаллам аст, ки агар русҳо набуданд, кӯчиён миллати тоҷикро аз байн бурда буданд, агар русҳо набуданд, имрӯз мо дар банди ҷаҳли асримиёнагӣ монда будем, на ин Душанберо доштем, на шаҳрҳои дигарамонро ба ин гуна ки ҳастанд, месохтем, банди эзорамон як метр, ришамон ҳафт ман, ба манғитиҳо зану духтаронамонро фурӯхта мегаштем (нигаред ба "Рисолаи таърихӣ-и Аҳмади Дониш"). Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки Аҳмади Дониш пас аз сафарҳо ба Русия дар Бухорои ба рӯзи сиёҳ (дар ҷаҳлу торикии асримиёнагӣ) нишаста хишти аввали маорифпарвариро гузошт. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо Устод Айниро аз обхонаи Бухоро берун кашиданд ва аз марг наҷоташ доданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки русҳо пояи ҳукумати манғитияро аз Бухоро барчиданд. Эҳёи миллати тоҷик ҳамон рӯз буд, ки ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон таъсис шуд ва Устод Айнӣ моро аз зери хокистари таърих кофту ёфт. Ё ин ҳамаро инкор мекунед? (Рӯйи масъалаи Самарқанду Бухоро гуфтаниҳо зиёд аст, вале на ин ҷо).
Дигар, (баҳсҳои Узбакистону дигару дигар баҳсҳои сиёсианд, ман рӯйи инҳо чизе намегӯям) устоди гиромӣ, агар русҳо дар умум ба мардуми тоҷик эҳтиром надоранд, айби мост, на онҳо. Дуруст аст, ки онҳо ба тоҷикони бофарҳанг зиёд эҳтиром мегузоранд. Ман инро дар суҳбат бо аҳли фарҳанг ва маорифи ин кишвар борҳо шунидаам, ки мегуфтанд миллати тоҷик ягона миллати порисгӯи Осиёи Марказист, ки таъриху фарҳанги қадима ва бой дорад. Ҳатто соли гузашта, вақте шаш нафар хонум аз кормандони соҳаи маорифи Русия бори нахуст ба Тоҷикистон омада буданд, пас аз нишасти (семинари) серӯза ва баҳсу суҳбатҳо бо мутахассисони мо эътироф карданд, ки назарашон ба тоҷику Тоҷикистон дигар шудааст. Гумон мекардаанд, ки тоҷик ҳамон кӯчарӯби чиркину бефарҳанги Маскав аст (бубахшед, фикри онҳоро навиштам).
Оре, ин ҷо айби худи мост, вақте меравем ба кишвари дигар, чаро ба одитарин қоидаи он ҷо риоят намекунем, чаро ба дину мазҳаб ва ба расму одати он мардум эҳтиром намегузорем? Магар ҳамин мусалмонист, ҳамин эҳтиром гузоштан ба одобу расми мардуми рус аст, ки соли гузашта дар кӯчаҳои Маскав хуни даҳҳо сар гӯсфандро (қурбонӣ карда) равон кардем, ки мардуми Маскав ба ваҳшат уфтод? Ин дар назари мо ид аст, вале дар назари он мардум ваҳшигист, ки ҳатто ба ин Владимир Путин дахолат кард. Канӣ эҳтиром? Барои ин мехоҳем, ки онҳо моро эҳтиром кунанд? Устод, агар, зиёд не, пагоҳ панҷсад нафар рус (чиркину жӯлида) биёяд ба Тоҷикистон ва мазҳаб, расму одати мардумро ба масхара гиранд, занону духтарони тоҷикро таҳқир кунанду дастдарозӣ кунанд, Шумо чӣ кор мекардед? Агар ин миқдор русе, ки гирифтем пагоҳ ба Тоҷикистон омаданд ва ба мактаббачаҳои хурдсоли Тоҷикистон нӯшокиҳои спиртӣ пешниҳод карданд, маводи мухаддир пешниҳод карданд ва бештари ин мактаббачагон масту аласту бангӣ шуд, Шумо чӣ кор мекардед?
Тоҷик рӯзгоре ба ҷаҳон дониш дод, бо нури маърифат ниме аз ҷаҳонро рӯшан кард, имрӯз чӣ? Имрӯз ба Русия нос мебарад, героин мебарад. Чанд моҳ пеш аз як шабакаи телевизионии Русия барномае дар бораи носкаш шудани мактаббачаҳои Русия (бахусус дар вилояти Новосибирск) пахш шуд ва бо далелҳои раднашаванда дар ин "кори хайр" (паҳн кардани нури нос) даст доштани тоҷикбачаҳо гуфта шуд. Чаро боре ба ин гуна рафторҳои ношоистаи ҳаммиллатони худ дар Русия чизе намегӯем? Чаро аз маҳалбозиву ҳамдигарро ба хотири пул ва ғаразҳои шахсию маҳаллӣ куштани ҳаммилатонамон чизе намегӯем? Далелҳо зиёданд, ки бештари куштори тоҷикон дар Русия ба дасти худи тоҷикон будааст. Вале чашми мо инро намебинад, дар ҳама бадбахтиамон русҳоро гунаҳкор медонем. Чанд кушторе, ки тоссарҳо кардаанд, мебинем, ба тамоми ҷаҳон ҷор мезанем, вале кушторҳое, ки худи ҳамватанонамон кардаанд, намебинем. Худамон ба хотири маҳалламон, ба хотири деҳаамон дар Русия ҳамдигарро чашми дидан надорем, боз аз русҳо эҳтироми худро мепурсем. Ин маҳалбозии мо нишон медиҳад, ки мо ҳоло миллат нашудаем. (На ҷойи масъала аст, вале сару садоҳое, ки чанд бефарҳанг имрӯзҳо рӯйи номи Устод Айнӣ баланд кардаанд, низ нишон медиҳад, ки мо ҳамчун миллат ташаккул наёфтаем, ҳама маҳалбозу дағалбозем. Агар Устод Айнӣ аз маҳалли он бечора Асрор мебуд, номашро ҳамчун бузургтарин алломаи давру замон дар тамоми шаҳру рустои кишварҳои ҷаҳон менавишт).
Ин ба худ бо чашми ҳақорат нигаристан нест, устоди гиромӣ, ин воқеият аст, ки мо бояд дар пайи ислоҳи он шавем. Инро бо бадбинӣ ба русҳо, бо дӯст надоштани Русия, бо инкори "лентаи гвардия", бо коштани тухми низоъ дар байни тоҷику рус, бо лофи дурӯғини мусалмон будан (мусаллам аст, ки русҳо мусалмонтар аз моанд), бо таҳқири бузургони миллат наметавон ислоҳ кард.
Дигар, дар бораи мардикорони тоҷик дар Русия бо дард сухан мекунед. Дуруст аст, ки шароити кори мардикорони тоҷик дар Русия хуб нест. Вале боз ҳам (ҳарчанд дарднок аст) ҳамин Русия ба тоҷикон ҷойи кор дода. Чаро ҳамдинонатон (ки ҳама лоф мезанем, муъмин бародари муъмин) дар Арабистони Саудӣ, ки миллиард-миллиард долларро барои мусаллаҳ кардани изм-измҳои бисёре сарф мекунад, ба ҳамдинони худашон ҷойи кор намедиҳанд? Шумо хуб медонед. Чунки ин оқоҳо (бо ҳама эҳтироми ман ба онҳо) ману шуморо дар қатори одам намешуморанд, чӣ расад, ки ҷойи кор диҳанд (агар одам меҳисобиданд, ҳазорҳо нафар фарзандони нафароне, ки навад-сад сол пеш аз ин сарзамини моро тарк карда ба он ҷо рафта буданд, бо меҳнати сахт он кишварро обод кардаанд, то имрӯз шаҳрвандӣ надоранд ва дар ҳеч мақоми давлатӣ пазируфта намешаванд). Ва боз ҳам бо сад дарду ранҷ ҳам бошад, тоҷик дар сарзамини рус ҷойи кор ёфта, ҳамин рус аст, ки нонашро бо тоҷики меҳнатӣ якҷо мебинад, ва ҳамин рус аст, ки "муъмин бародари муъмин"-ро беҳтар аз кишварҳои арабӣ риоят мекунад.
Дигар, устоди азиз, Шумо низ чун муллоҳои содаандеши мо ба зоҳири масъала менигаред ва сухани "агар ба рӯйи ростат бизанад, рӯйи чапатро пеш ор" на ин маънӣ дорад, ки гӯсфанд бошӣ ва дар баробари рӯйи ростат рӯйи чапатро пеши бадхоҳат гузорӣ. На. Асли мазҳаби насронӣ муҳаббат, дӯст доштан аст, дӯст доштани душманонат чун худат ва наздиконат аст. Агар касе ба ту бад гӯяд, ту бо муҳаббат ба ӯ посух деҳ, агар касе ба ту бад кард, ту муҳаббаташ кун, ки ба гуфтаи Мавлонои Рум "аз муҳаббат талхҳо ширин шавад". Аз ин назаргоҳ, устоди гиромӣ, биёед ба касе бад нагӯем, ба кишваре бо чашми бад нанигарем, ба ҳеч миллате сухани сард нагӯем, ки сухани сард тухмест, ки аз он душманӣ рӯяд. Ба ҷойи ин ҳама миллатро тарбия кунем, насле худшинос ба воя расонем, ки дар ин гирдобҳои ҷоҳонишавӣ манфиатҳои миллату Ватанро ҳимоят кунад, ҳар ҷо равад сухан аз Ватану миллат гӯяд (на аз маҳалаш), сухан аз муҳаббат, аз бародарию дӯстӣ гӯяд, ҳар ҷо равад фарҳанги волои тоҷикро муаррифӣ кунад; насле тарбият кунем, ки ибораи нохуби "тоҷикиш кун"-ро ба маънои мусбаташ табдил диҳад, ба ҳамон асли орёияш, ки созандагию бунёдкорӣ ва маърифатгустарист, баргардад. Ман бовар дорам, ки мо метавонем. Ва ин вазифаи муқаддаси ману Шумост (ҳамчун зиёӣ), устоди гиромӣ.
Худо Шуморо саломат нигоҳ дорад! Дар дили ҳар фарди миллат нури хирду дониш тобида бод!”