Шаҳбол Мирзоев дар болои мизи ҷарроҳӣ. Падараш: “Интизорем”
Ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшуда ва маъюби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав як соат пеш оғоз шудааст. Нуъмон Мирзоев, падари сарбоз дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, интизор меравад, ин ҷарроҳӣ 5 ё 6 соат тӯл кашад.
Мирзоев мегӯяд, субҳи имрӯз табибони бемористони мазкур вазъи саломатии Шаҳболро муоина карда, барои ҷарроҳияш иҷоза дода буданд. “Саҳар омада диданду гуфтанд, чизе нахӯрад ва то бегоҳ ҳатман ҷарроҳӣ хоҳад шуд. Мо низ Шаҳболро омода кардем ва ҳоло интизори анҷоми ҷарроҳием”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ба хотири баланд шудани ҳарорати бадан (темпаратура)-и сарбоз ҷарроҳии ӯ мавқуф гузошта шуда буд. Шаҳбол Мирзоеви 23 сола фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латтукӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Ин сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористони низомии шаҳри Красногорский интиқол ёфт.
Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, дар сӯҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфта буд, мақомот ба ваъдаи худ дар мавриди кумак ба писараш вафо накарда, ба қавли ӯ, беҳуда онҳоро нигоҳ доштаанд: “Агар онҳо ваъдаи хушку холӣ намедоданд, хеле барвақт худам бо фурӯхтани замину хона писарамро барои табобат мебурдам. Чи хеле имрӯз ҳамин корро кардам.”