“Иттиҳоди гумрукӣ иттиҳоди сиёсии низомҳои худкома аст”
“Вуруди Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ мустақилияти моро барҳам зада, имкониятҳои демократии парлумонро, ки дар пайи инқилоби апрелӣ муқаррар гардид, аз миён мебарад”. Ин нукта дар изҳороти ҳаракатҳои “Қирғизистон алайҳи Иттиҳоди гумракӣ”, ҳизби “Ислоҳот” ва “Иттиҳоди демократӣ” зикр шудааст.
“Иттиҳоди гумракӣ иттиҳоди сиёсии низомҳои худкома аст, ки тасмимҳо дар доираҳои хӯрд ва бидуни андешаи парлумон ва ҷомеа гирифта мешавад. Раванди тасмимҳои гирифташуда кафолати баробарӣ ва руйкарди мунсифона барои ҳамаи аъзои онро намедиҳад, ки манофеи миллиро зери хатар бекашад”,-омадааст дар изҳорот.
Фаъолони шаҳрвандии Қирғизистон мегӯянд, агар Бишкек ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шавад, дар ҷумҳурӣ нархи молҳои воридотӣ ба таври қобили мулоҳиза баланд мешавад: “Арзиши доруворӣ 10 дар сад ва маводи чармӣ 20% зиёд мешавад. Мошини нисбатан маъруф дар Қирғизистон, ки 5 ҳазор доллар арзиш дорад, тақрибан 12 ҳазор доллар хоҳад шуд. Чунин раванд ба буҳрони нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ оварда мерасонад”.
Қарор аст, зуҳри имрӯз, 5 май, дар назди кинотеатри “Ала Тоо” зери шиори “Барои озодии Қирғизистон! Зидди Иттиҳоди гумракӣ” флешмоб баргузор шавад.