Ирсоли ёрии башардӯстона ба мардуми офатзадаи Бадахшон
Тоҷикистон дар пайи фаромадани ярчу ҳалокати беш аз ду ҳазор сокини вилояти Бадахшони Афғонистон ба ин минтақа корвони ёриҳои башардӯстонаи худро ирсол кардаааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ин кумакҳо бо дастури Эмомалӣ Раҳмон омода шуда, аз маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва оби ошомиданӣ иборатанд.
Аз ин пештар, оқои Раҳмон бо ирсоли барқияе ба раисиҷумҳури Афғонистон - Ҳомид Карзай дар робита ба ҳалокати одамон аз офати табиӣ изҳори ҳамдардӣ карда буд. Дар номаи ӯ аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҷалолатмаоби гиромӣ, бо андӯҳи бузург хабари фаромадани ярчро дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшон, ки мӯҷиби марги садҳо нафар гаштааст, дарёфт намудам. Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона, хоҳишмандам ҳамдардии инҷониб ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед. Ба аҳлу пайвандони бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”.
Бино ба иттилои мақомоти Афғонистон, бар асари фаромадани ярч, ки баъд аз боронҳои сел ба вуқӯъ пайваст, дар ноҳияи Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон беш аз 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, як қисми онҳо аз зери сангрезаву биноҳои харобшуда берун оварда шудаанд.