Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, аз рӯзи 28 апрел барои шарҳу тафсири паёми солонаи раисиҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтаанд. “Озодагон” аз се вакил пурсид, оё онҳо дар баробари ба мардум расондани паёми президент аз мушкилоти мардум ба ҳукумат низ паёме хоҳанд овард?
Баракатулло АТОХОҶА, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният:
“Ҳоло тамоми вакилони мардумӣ барои расондани паёми раисиҷумҳур ба интихобкунандагон машғуланд. Вақте бо интихобкунандаҳо вомехӯред, онҳо аз он мушкилоте хоҳанд гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ барои ҳалли он қодир нест. Мо бо интихобкунандагон мулоқот анҷом дода, хоҳишу дархости онҳоро ба унвони гузориш менависем ва бо имзои раиси Маҷлиси Намояндагон ба ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол мекунем. Мардуми кишвар бештар аз бунёди мактабҳо, роҳ, иваз кардани симчӯб барин мушкилот ҳарф мезананд. Мақомоти маҳаллӣ имкони молии ба анҷом расондани ин корҳоро надорад. Барои ҳамин, дар гузориши худамон инро ишора карда, баъдан ба ҳукумат мефиристем. Ин, албатта, аз паёмҳои қаблӣ буд. Аз ин паём ҳоло мо ҳеч шикояте аз мардум нагирифтаем. Дар асл, ноҳияи Турсунзода мушкилоти зиёд надорад. Ин ноҳия саноатӣ аст ва дар қиёс бо дигар ноҳияҳо мушкили зиёди молӣ надорад.”
Олимҷон САФАРОВ, узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология:
“Ҳоло дар Ҷиргатол ҳастам. Дар паёми навбатӣ мардум бештар аз тинҷиву оромӣ мегӯянд. Ман, ки аъзои гурӯҳи музокира бо Қирғизистон будам, мардум бештар аз вазнинии сарҳад бо ин кишвар мегӯянд. Онҳо тарафдори боз будани марз бо Қирғизистон буда, бештар аз ин мегӯянд. Мушкили дигаре, ки то ҳоло ба ман гуфтанд, нарасидани имконият дар бахши картошкапарварист. Ҳоло дар бозорҳои кишвар картошка то 5 сомонӣ нарх дорад. Агар ҳукумат барои парвариши картошка ва расондани тухмии он ба мардум кумак кунад, ҳамааш хуб мешавад. Ҳам заминҳо холӣ намемонанд, ҳам картошка боз арзон мешавад.”
Мақсуда САМАДОВА, узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот:
“Ман дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастам. Мардум ба ман ҳеч шикояте накардаанд. Ба ҳамаи онҳо паёми раисҷумҳур маъқул. Мардум шикояте надоранд. Мегӯянд, ҳама чиз оҳиста-оҳиста хуб мешавад. Барои мисол, ҳоло дар ҷамоат ҳастам. Мулоқотро гузарондам ва дар як утоқ ҳастам, то мардуми хоҳишмандро дар танҳоӣ қабул кунам. Касе наомад.”