“Бадгӯӣ дар ҳаққи сарвари давлат ғазаби Парвардигорро меорад”
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кард, аз бадгӯӣ дар ҳаққи сарвари давлат (раисиҷумҳур) худдорӣ намуда, ба ҷои он дуои хайр намоянд.
Абдулқодирзода рӯзи 2 май дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар намози ҷумъа гуфт, “раҳбари давлатро эҳтиром кунед, бад гуфтани раҳбари давлат ғазаби Парвардигорро меорад.” Ба гуфтаи Абдулқодирзода, ки дар ин бора дар аҳодиси паёмбар низ таъкид шудааст, дар ҳаққи раҳбарон бояд дуои неку ислоҳ кард.
“Дар ҳадисҳо омадааст, ки аз лаънатгӯӣ бипарҳезед, чун ба зиндагии инсон бадбахтӣ меорад, танҳо дар ҳаққи онҳо бояд дуои ислоҳу нек ва салоҳ кард, то ислоҳ шаванд, чун эшон ислоҳ шаванд, ислоҳи Шумост”,-таъкди дошт ӯ. Сайидмукаррам Абдулқодирзода изҳор дошт, адолати яксоатаи раисиҷумҳур баробар ба 60 соли ибодат мебошад: “60 соли ибодати обид ва яксоата адолати сарвари давлат ҳарду баробар аст. Чун як шахс ибодат кардааст, агар раҳбар дар як соат адолат кунад, 7-8 миллион аз он баҳравар мешаванд ва Худованд низ ба адади ҳар яки ин мардум ба ӯ некӣ менависад.”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар аз намозгузорон даъват кард, ҳар вақт дар зиндагии худ бо мушкиле рӯбарӯ мешаванд, ба ҷои фитнаангезию дашном додан ва бадгӯию бадхоҳӣ нисбат ба масъулону сардорон, ба сарвари давлат ё раҳбарони худ муроҷиат кунанд. “Дар ҳар масъалае агар шакку шубҳа пеш омада, ба Маркази исломии Тоҷикистон муроҷиат кунед ё агар дар зиндагӣ мушкиле доред, аз мутасаддиён ё худ раҳбарону сарвари давлат пурсед ва ҳар чӣ гуфтанд, аз онҳо итоат кунед, чун ҳарчӣ мегӯянд, ба нафъи Шумосту ҳеч гоҳ бар зараратон нахоҳанд гуфт. Чӣ дар соҳаи дин ё дунё бошад, ҳатмӣ ба манфиати Шумост”,-илова кард Абдулқодирзода.
Ӯ дар идома бори дигар аз нооромиҳои дохилии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, гуфт, замоне буд, ки сокинони кишвар бовар надоштанд то бегоҳ зинда мемонанд ва ҳама орзуи оромию суботро дошт: “Нафаре ба ман гуфта буд, албата, бурдани номашро муносиб намедонам, “ман ҳар саҳар ғусл мекардаму баданамро пок намуда, баъд ба берун мебаромадам, чун бовар надоштам, зинда ба хона бар мегардам ё не”. Ҳоло бархеҳо он рӯзро фаромӯш кардаанд.”
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба сокинон таъкид кард, ба ҷумлаҳои фитнаангезону “демократияхоҳон” аслан гӯш надиҳанд: “Ҳоло гуфтам, ки байни мардуми мусулмон ҷумлаҳое мепартоянду мегӯянд, “демократия” ҳама тарафдори демократия ҳаст, мо ҳам, вале он демократияе, ки бо дасти худ ватану хонаи худро хароб мекунем, ҳаргиз лозим нест.”