Самӣ Насрӣ: Дар Фаронса мусалмон будан душвор шудааст
Самӣ Насрӣ, яке аз футболбозони шинохтаи ҷаҳон, ки дар ҳайати клуби “Манчестер Сити”-и Англия бозӣ мекунад, аз вазъи ҷамъиятҳои мусалмонон дар Фаронса ва табъизи аққалиятҳои мазҳабӣ аз сӯи давлат изҳори нигаронӣ кардааст.
Ин бозигари 26-солаи мусалмон аз суръати бештар гирифтани раванди нажодпарастӣ ва исломбадбинӣ дар Фаронса интиқод кардаву изҳор доштааст, ки мардуми Фаронса дар нисбати мусалмонон мавқеи душамоногароиро пеша кардааст. “Феълан, дар Фаронса мусалмон будан хеле душвор шудааст. Тайи 3 ё 4 соли ахир одамон аз ҷамъиятҳои мусалмон нисбати худ муносибати ношоистаро эҳсос мекунанд”,-гуфтаст Насрӣ.
MoroccoWorldNews бо такя ба ҳарфҳои Самӣ Насрӣ навишта, ки “10-15 сол қабл чунин набуд. Ҳоло менталитети Фаронса тағир ёфтааст”.