Пирӯзии Толибшоҳ бо “Турнаҳои баҳорӣ”-яш дар “Новеллазия”
Толибшоҳи Давлат, рӯзноманигори тоҷик, дар сабқати “Новеллазия”, ки аз сӯи бунёди «НюЕвразия» эълон шуда буд, бо «Турнаҳои баҳорӣ»-яш дар панҷгонаи аввал қарор гирифтааст. Дар баробари оқои Давлат, инчунин, Канат Омар аз Казоқистон, Сафар Каттабоев, Сид Янҷшев ва Муҳаммадшариф Маматқулов аз Узбакистон низ дар ин сабқат пирӯз шудаанд.
Толибшоҳи Давлат дар “Турнаҳои баҳорӣ”-яш, ки ба забони тоҷикӣ навишта шудааст, дар бораи ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ нақл карда, дар мисоли ду муҳоҷир – Мустақими калонсол, ки чанд сол боз дар Русия кор мекунад ва Саидаброри навҷавон, ки ҳанӯз синнаш ба синни мактабӣ рост меояд, ҳаёти муҳоҷирон ва мушкилоти онҳоро тасвир кардааст.
Масъулони Бунёди «НюЕвразия» мегӯянд, осори ин панҷ ғолиб ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шуда, аввал дар шакли блог-новелла ва сипас ҳамчун маҷмӯа чоп хоҳанд шуд. Ҳамчунин, ғолибонро туҳфаҳои пулӣ интизор будааст. Осори нафароне, ки ба шорт-листи понздаҳнафара ворид шудаанд, низ дар шакли блог-новелла ба забони асли худ чоп шуда, сипас осори ҳамаи иштирокчиёни озмун дар давоми солҳои 2014-2015 пешкаши хонандагон мешаванд.