Нуриддин Қаршибоев дар қатори 100 қаҳрамони иттилоотӣ
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ё НАНСМИТ ба феҳрасти “100 қаҳрамони иттилоотӣ”-и созмони “Хабарнигорони бидуни марз” шомил шудааст. Ин созмон навишта, ки Нуриддин Қаршибоев давоми 30 соли фаъолияти худ беш аз 600 мақолаву гузориш навиштааст.
“Ба журналистика хеле барвақт ворид шуд. Ҳанӯз замони мактаби миёна хонданаш дар рӯзномаҳои кӯдакона матлаб менавишт”,-гуфтааст “Хабарнигорони бидуни марз”.
Қаршибоев НАНСМИТ-ро соли 1999 таъсис дод, ки дар дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон яке аз созмонҳои фаъоли ҳомии ҳуқуқи журналистон мебошад.