ВИДЕО: Эътирози вазири фарҳанги Русия ба Федоров ва ҳимояташ аз тоҷикон
Владимир Мединский, вазири фарҳанги Русия, аз раиси Думаи давлатии кишвараш Сергей Наришкин хостааст, ба кумисюн оид ба этикаи вакилон дастур бидиҳад, баромади Евгений Федоров, намояндаи ҳизби “Русияи воҳид” дар ҷаласаи рӯзи 25 апрелро баррасӣ намояд. Норозигии вазирро чанд нукта аз суханронии Федоров, аз ҷумла дар бораи се муҳоҷири тоҷик, ки барандаи ҷоизаи “Ниқоби тилоӣ” шуданд, ба вуҷуд овардааст.
Евгений Федоров гуфтааст, “ҷоизаи мусиқиро се муҳоҷир аз Тоҷикистон мегиранд. Сантехникҳое, ки ба гумони ғолиб унитазҳои харобшударо дар яке аз театрҳо таъмир мекардаанд ва дар ҳамон театр намоишномаи муъҷизанокашонро таҳия кардаанд”.
Аммо Мединский дар номае, ки унвонии Наришкин ирсол кардааст, шарҳ дода, ки ҳарфҳои вакил нодурустанд. "Ҳар се муҳоҷири тоҷик хатмкардаи Донишкадаи санъати Душанбе буда, дар Қасри фарҳанги Хоруғ кор кардаанд ва бо далели мушкили иқтисодӣ ба муҳоҷират омада ва аз рӯи ихтисос кор намекунанд",-гуфтааст вазир.