Иванов: Агар вазъи Шаҳбол муътадил монад, 5 май ҷарроҳӣ мекунем
Иван Иванов, табиби Шаҳбол Мирзоев гуфтааст, агар вазъи сарбози маъюби қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон то панҷуми май муътадил монад, худи ҳамон рӯз ҷарроҳӣ хоҳанд кард.
Иванов ин нуктаро дар суҳбат ба намояндаҳои сафорати Тоҷикистон дар Русия иброз доштааст, ки имрӯз, якуми май барои дидорбинии Шаҳбол ба беморхонаи ба номи А.А. Вишневскийи Вазорати мудофиаи Русия, воқеъ дар шаҳри Красногорск рафтаанд.
Ба гуфтаи табиби Шаҳбол “ҳанӯз дар организми ӯ зарраҳои инфексия мавҷуданд, ки барои шӯстани онҳо духтурон талош доранд”.
Гуфта мешавад, нисбат ба рӯзҳои қабл, аҳволи Шаҳбол хеле беҳтар шудааст. “Дасту пойи ӯ, ки беҳаракат буданд, аллакай ба ҳаракт даромадаанд”,-мегӯяд Муҳаммади Эгамзод, яке аз масъулини сафорат.
Дидори намояндаҳои сафорат бо дастури сафир -- Абдулмаҷид Достиев сурат пазируфтааст. Достиев ду рӯзи пеш, дар рӯзи зодрузи Шаҳбол ба аёдати ӯ омада ва барояш туҳфа овардааст. Бино ба иттилои расида, сафир барои табобати Шаҳбол 2 ҳазор доллар ҳам дода ва ваъда кардааст, намояндаҳои дигари сафорат ҳам ба қадри тавон кӯмак хоҳанд кард.