Тасмими ҳамкориҳои Баҳрайну Русия ба Вашингтон хуш наомадааст
Вашингтон аз ҳукумати Баҳрайн даъват кардааст, ки бо Русия ҳамкорӣ накунад. Дар ин бора хабаргузории Рейтер бо такя ба департаменти давлатии ИМА хабар додааст.
Департаменти давлатии Амрикоро тасмими Баҳрайн дар мавриди ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ бо Русия, ки зимни сафари валиаҳди Баҳрайн Салмон бин Ҳамад Халифа ба ин кишвар гирифта шуд, хуш наомадааст.
Амрико муътақид аст, ки Баҳрайн дар замоне, ки ИМА ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия дар робита ба ҳаводиси Украина таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ мекунанд, набояд бо ин кишвар ҳамкорӣ кунад.