Ҳалокати “Рамеш” ва захмӣ шудани “Сулаймони гусала” дар пайи занозании маҳбусон дар Ваҳдат
Бар асари як муноқишаи гуруҳӣ миёни маҳбусони зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и Ваҳдат як нафар ба ҳалокат расидаву як тани дигар захм бардоштааст.
Радиои “Озодӣ” бо такя ба як маъмури ин маҳбасхона навиштааст, ҳодиса субҳи 30 апрел рух дода, дар натиҷаи занозании гурӯҳии зиндониҳо як маҳбус бо лақаби “Рамеш”, соли тавалудаш 1983 аз ноҳияи Кӯлоб кушта шудааст. “Як маҳбуси дигар бо номи “Сулаймони гусала” бар асари зарбаи корд ҷароҳат бардоштааст, ки феълан дар беморхона бистарӣ мебошад”,-хабар додааст манбаи “Озодӣ”.
Сабаби аслии ин муноқиша ва занозании маҳбусҳо шарҳ дода нашудааст, аммо як маҳбуси ҳамин зиндон гуфта, ин ихтилоф дар заминаи як “разборка”-и ду лидери зиндониҳо рух додааст. Ин маҳбус гуфта, ки занозании зиндониҳо то чанд муддат идома кард ва вазъи дохилии зиндон ниҳоят ноором гашта буд ва нозирон маҳбас то чанд муддат натавонистанд вазъро ором кунанд.
Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлия субҳи имрӯз як Комиссияи махсусро барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур ба маҳбаси №2 фиристодааст.