Муҳаммадиев ҳайати тими миллӣ дар бозӣ бо Афғонистонро эълон кард
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол барои дидори дӯстона бо мунтахаби Афғонистон 23 бозигарро интихоб кардааст.
Ба иттилои торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба феҳрасти тартибдодаи Муҳаммадиев 3 дарвозабон -- Рустам Ризоев (“Энергетик”), Алишер Туйчиев (“Истиқлол”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”), 6 ҳимоятгар -- Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (“Истиқлол”), Ҳасан Рустамов (“Энергетик”), 9 нимҳимоятгар -- Фаридун Шарипов (ССКА “Помир”), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Ҳасанов, Бахтиёр Чориев (“Энергетик”), Амирбек Ҷурабоев (“Хайр”), Абдурасул Раҳмонов (“Регар-ТадАЗ”) ва 5 ҳамлагар -- Аҳтам Ҳамроқулов (“АЗАЛ”, Озарбойҷон), Шодибек Ғаффоров (“Энергетик”), Фарҳод Тоҳиров (“Парвоз”), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол) шомиланд.
Бозии миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Афғонистон якшанбеи 4 май дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешавад. Оғози дидор соати 18:00. Арзиши билет барои ҳамаи ҷойҳо 5 сомонӣ муайян шудааст.