Баҳси зимистони соли 2015 дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон
Омодагӣ ба зимистони оянда яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон будааст, ки имрӯз, 30 апрел таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва раиси ҳукумат баргузор шуд.
Бино ба иттилои торнамои президент, нақшаи чорабиниҳо оид ба “сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 тасдиқ карда шуд”.
Дар ин зимн, ситоди ҷумҳуриявӣ низ таъсис дода шуда, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо пайваста таҳти назорат қарор дода шавад ва ҳар моҳ як маротиба муфассал баррасӣ гардад. “Таъкид гардид, ки ангишт, мазут ва дигар анвои сӯзишворӣ саривақт ва ба қадри кофӣ захира карда шавад ва барои омодасозии шабакаҳои нақлиётӣ, барқӣ, гармидиҳӣ ва ғайра чораҳои муассир андешида шавад”,-менависад манбаъ.
Торнамои расмии президент афзуда, ки дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони як қатор корхонаҳои саноатӣ аз вазифаҳо озод шуда, “аъзои нави ҳайати мушовараи як зумра вазорату идораҳо тасдиқ гардиданд”.