Financial Times: Иқтисоди Чин соли 2014 аз ИМА пеш мегузарад
Иқтисоди ҷумҳурии мардумии Чин аллакай дар соли равон метавонад аз рӯи ҳаҷм аз Иёлоти муттаҳидаи Амрико пеш гузарад, -навиштааст рӯзномаи Financial Times.
Нашрия дар асоси пажӯҳиши иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ чунин пешгӯӣ кардааст. Дар ин пажӯҳиш гуфта мешавад, ки ИМА метавонад мақоми кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ қавитаринро чанд сол пештар аз муҳлати қаблан тахминзадашуда, аз даст бидиҳад.
ИМА аз соли 1872 ба ин сӯ кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ пешгоми ҷаҳон аст. Қаблан, бештари иқтисоддонҳо ҳадс мезаданд, ки Чин танҳо дар солҳои 2019 метавонад ба Амрико бирасад.