Ҳалокати як сокини 12-сола дар рӯдхонаи Кофарниҳон
Аснои оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон як писарбачаи 12 сола ғарқ шуда ба ҳалокат мерасад.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, охири ҳафтаи гузашта, истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки «Нӯъмон Розиқ»-и ноҳияи Ваҳдат Икромҷон Давлатов, дар назди бозори «Хайр» ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад. Наҷотдиҳандагони кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, пас аз се соати ҷустуҷӯ аз наздикии деҳаи «Ҷангалобод»-и ҷамоати деҳоти «Гулистон» ҷасади номбурдаро аз соҳили дарё пайдо намуда, ба соҳибонаш супориданд. {jathumbnail off}