2-солӣ кам шудани ҳукми ҳамроҳони Умедҷон Тоҷиев ва...
Додгоҳи вилояти Суғд дар пайи баррасии шикояти кассатсионии вакилони мудофеи Ғуфрон Шодиев ва Зуҳур Иброҳимов - ду ҳамроҳи марҳум Умедҷон Тоҷиев қарори додгоҳи шаҳри Исфара алайҳи онҳоро тағйир додааст.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Зуҳур Иброҳимов, рӯзи 30 апрел дар суҳбат бо “Озодагон гуфт, шикояти кассатсионии онҳо аз сӯи додгоҳи вилояти Суғд қисман пазируфта шуда, муҳлати адои ҷазои зерҳимояаш кам карда шудааст.
Додгоҳи шаҳри Исфара Ғуфрон Шодиев ва Зуҳур Иброҳимов, ду сокини ин минтақаро авохири моҳи феврали соли ҷорӣ ба иттиҳоми шомил шудан ба иттиҳоди ҷиноӣ ва гурӯҳи ифротгаро ва узвият дар ҳизби сиёсие, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъст, мувофиқан ба муҳлати 8,6 ва 9 сол равонаи зиндон карда буд.
Ба гуфтаи Воҳидова, додгоҳи вилояти Суғд муҳлати адои ҷазои зерҳимояи ӯ ва Шодиевро 2-солӣ кам кардааст. Инчунин, дар мурофиаи мазкур таъкид шудааст, ки алайҳи Манучеҳр Қаюмов, муфаттиши додситонии шаҳри Исфара ба хотири роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар рафти тафтишот таъиноти хусусӣ таъйин карда шавад.
“Дар рафти мурофиа исбот кардам, ки марҳум Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимову Ғуфрон Шодиев ҳамнгоми боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифта буданд ва намояндаи додситонии вилояти Суғд низ таслим шуда, аз додгоҳ хост, алайҳи Қаюмов чораандешӣ карда шавад, ин қарор аз сӯи коллегияи судии вилояти Суғд низ дастгирӣ ёфт”,-гуфт Воҳидова. Ӯ афзуд, дархости намояндаи додситонии вилояти Суғд дар бораи Қаюмов маънои онро дорад, ки додситонии шаҳри Исфара барои чораандешӣ кардан нисбат ба муфаттиши худ муваззаф мебошад.