Хабаргирии Абдумаҷид Достиев ва $2000-и ӯ ба Шаҳбол (АКС)
Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ барои аёдати Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби нерӯҳои марзбонии кишвар, рафтааст, ки ҳоло барои ҷарроҳӣ дар бемористони Вишневскийи Вазорати дифои Русия, воқеъ дар Красногорск, қарор дорад.
Ҳабибулло Каримов, сухангӯи сафорат ба “Озодагон” гуфт, оқои Достиев шахсан аз ҳолу шароити Шаҳбол пурсида, бо Нуъмон Мирзоев, падари ӯ ва табибонаш низ сӯҳбат кардааст. Каримов мегӯяд, бино бар баланд шудани ҳарорати Шаҳбол масъалаи ҷарроҳияш каме ба таъхир уфтодааст: “Феълан вазъи Шаҳбол муътадил аст. Бинобар ба гуфтаи сардори шуъбаи 31-уми нерохирургияи беморхона, номзади илмҳои тиб, подполковники хидмати тиббӣ Владимир Мануковский Шаҳболро баъд аз идҳои моҳи май ҷарроҳӣ хоҳанд кард.”
“Сафири Тоҷикистон, инчунин, аз ду полковники рус, ки яке аз онҳо лётчики хизматнишондодаи ҳарбӣ, ҳамутоқи сарбози тоҷик Александр Нинадов мебошад, барои иқдоми некашон ҷиҳати ба Шаҳбол додани навбати ҷарроҳии худ изҳори сипос намуд”,-афзуд Каримов. Ба қавли ӯ, рӯзи чоршанбе Шаҳбол ҷашни зодрӯз дошта, ба синни 22 расидааст ва Абдумаҷид Достиев ба ӯ туҳфаю барои табобаташ 2 ҳазор доллар ҳадя намудааст. Ӯ гуфтааст, дар ҷараёни ҷарроҳӣ ва табобат боз кумаки худро хоҳад расонд.