Шукурҷон Зуҳуров аз Салимзода хост, қазияи Ҳусайниро таҳқиқ кунанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз додситони кулл -- Шерхон Салимзода хостааст, қазияи ҳамла болои Сайидумар Ҳусайнӣ (Умаралӣ Ҳисайнов), вакили парлумон ва ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғро ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд. Ин дархости Зуҳуров баъд аз сӯҳбаташ бо Сайидумар Ҳусайнӣ, ки ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумон, ҳоло дар Ванҷ қарор дорад, ирсол шудааст.
Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои расонидани муҳтавои паёми раисиҷумҳур субҳи 28 апрел ба Хоруғ рафта буд, мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи 15-нафарӣ дар дафтари ҲНИТ дар Хоруғ ба ӯву ронандааш дарафтода, гуфтаанд, барояшон ин ҳизби исломӣ лозим несту бояд ҳарчӣ зудтар ин маконро тарк кунанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо баъд аз як рӯзи ин ҳодиса бо нашри гузорише қазияи Сайидумар Ҳусайниро шарҳ дода, гуфт, дар ҷараёни сафари ӯ ба Хоруғ миёни онҳо ва аъзои ҳизбашон муноқиша бархостааст. “Ҳангоми гуфтушунид миёни аъзои ҲНИТ ва собиқ раиси дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов муноқиша ба миён омадааст”,-менависад торнамои ВКД.
Вале Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шарҳи Вазорати умури дохилии кишварро натоиҷи таҳқиқи ғайримунсифона хондааст. Масъулини ҲНИТ рӯзи 30 апрел бо нашри баёнияе таҳқир ёфтани мардуми Бадахшон аз сӯи Ҳусайнӣ ва ҳамроҳонашро такзиб карда, гуфтаанд, далоили ВКД дар робита беасос мебошад. Инчунин, дар ин баёния таъкид шудааст, Асрор Булбулов, ки масъулини ВКД ӯро собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ хондаанд, аз воқеият дур буда, ӯ ҳеч гоҳ дар ин симат ифои вазифа накардааст ва низ Шоҳнаими Карим, ки аз ӯ раиси дастгоҳи ҳизб ном бурда шудааст, ғалат мебошад.
“Бо таваҷҷуҳ ба ҳарфҳои боло ва фарҳанги наҳзатӣ дар ҷавоб ба чунин як мавқеъ бояд гуфт, Асрор Булбулов ҳеч гоҳ раёсати бахши ҲНИТ-ро дар шаҳри Хоруғ ба уҳда надошт ва низ Шоҳнаими Карим раиси дастгоҳи ҲНИТ нест, балки узви Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад. Ин гуна иштибоҳот дар пурсиши масъулини пулис далолат бар он менамоянд, ки қазияи “пешвозгирӣ”-и Саидумар Ҳусайнӣ, вакили мардумӣ дар парлумон ва ҳамроҳони ӯ дар ҳукумати ВМКБ ба таври лозим ва мунсифона мавриди тафтиш қарор нагирифтааст”,-гуфта шудааст дар изҳороти ҲНИТ.