Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ ҳукми Додгоҳи Фирдавсии пойтахт дар бораи ҷаримаи “Азия-Плюс” ва муҳаррири он -- Олга Тутубалинаро бидуни тағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ баҳси як гуруҳ аз зиёиёни тоҷик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро ба поён бурда, қарор кард, ки ин матлаб як навъ таҳқир дар ҳаққи зиёиён мебошад ва ӯ бояд 30 ҳазор сомонӣ пардохт кунад.
Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, мегӯяд, онҳо аз қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе низ розӣ набуда, ба зинаҳои дигари додгоҳӣ, аз ҷумла Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд. Зеро ба бовари Иноятов, додгоҳи шаҳрӣ қазияи зерҳимояи ӯро холисона баррасӣ накардааст. “Зеро додгоҳ асос ва далелҳои овардаи моро нодида гирифт. Ману зерҳимояам машварат мекунем ва дар сурати ба натиҷае расидан ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал низ муроҷиат хоҳем кард”,-афзуд ӯ.
Посухи манфии Додгоҳи шаҳри Душанбе ба шикояти вакилони мудофеи нашрияи "Азия-Плюс" ва муҳаррири он - Олга Тутубалина дар ҳолест, ки ахиран Созмони хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) аз додгоҳи марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон даъват карда буд, қарор нисбат ба рӯзноманигор ва нашрияро бекор кунад. Ин созмон қарори додгоҳ, ки Тутубалинаро муваззаф намудааст, барои таҳқири қишри зиёӣ 30 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад, беасосу ғайримантиқӣ ва як зарбаи сахт барои рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон хонда буд.
Олга Тутубалина дар матлаби баҳсбарангези “Неинтеллигентно об интеллигенции” (Нозиёиёна дар бораи зиёиён) бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Дар пайи ин, як гуруҳ аз зиёиёни кишвар, ки роҳбарияти Иттиҳодияи нависандагону Академияи улуми Тоҷикистон низ шомили он буданд, ба додгоҳ муроҷиат карда, ҷуброни зарари маънавӣ хостанд.