Зайдуллову Шаъмигулро хирс куштааст, ё аз баландӣ афтодаанд?
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фарзияи кушта шудани се узви як хонавода дар ноҳияи Файзобод бар асари ҳамлаи хирсро такзиб кард.
Ин ниҳод мегӯяд, ташхиси тиббӣ-судӣ муайян кардааст, ки Зайдулло Назаров ва ҳамсараш Шаъмигул Шаропова ҳамроҳ бо фарзанди ноболиғашон дар пайи аз баландӣ ғалтидан ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои манбаъ, ҷасади ин се нафар дар зери як баландии 700-метрӣ пайдо шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан кормандони ШКД-и ноҳияи Файзобод дар суҳбат бо Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюз” гуфта буданд, Назаров ҳамроҳ бо ҳамсару писари 5-солааш бар асари ҳамлаи хирс фавтидаанд.
Зайдулло Назаров сокини шаҳри Ваҳдат буда, ҷасади ӯ ҳамроҳ бо писару ҳамсараш рӯзи 28 апрел дар ноҳияи Файзобод пайдо шуда буданд. Дар пайи тафтишоти кормандони пулис, муайян шудааст, ки Назаров ба хотири зиёрати мазори Домулло Сурхиён ҳамроҳи хонаводааш тавассути пайраҳаҳои куҳӣ озими ноҳияи Файзобод шудаанд.