Боздиди Қоҳир Расулзода аз Меҳнатобод, баъди 2 ҳафтаи омадани сел (АКС)
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, баъд аз гузашти тақрибан 15 рӯз бо вазъи сокинони селзадаи деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон ошно шудааст. Ӯ ба раҳбарияти вилояти Хатлон ва ситоди ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулода барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дастур додааст.
Расулзода аз масъулини ҳукумати Хуросон хостааст, сокинони зарардидаро бо ҷойи зисти муваққатӣ, маводи ғизоӣ ва оби ошомиданӣ таъмин карда, таҳким бахшидани корҳои мустаҳкамнамоии соҳил ва тоза намудани маҷрои селроҳаҳоро оғоз намоянд.
Зуҳри рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ дар пайи боришоти зиёд дар ҷануби кишвар беш аз 170 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон тайи селоб монда, девори бархе аз ин хонаҳо фурӯ рехтааст. Ба қавли сокинони ин деҳа, ҳарчанд ин селоб мунҷар ба аз байн рафтани даҳҳо чорвои хурду калони онҳо шудааст, вале талафоти ҷониро низ дар пай дорад. Бар асоси иттилои манобеи маҳаллӣ дар ин офати табиӣ ду кӯдак, аз ҷумла Абдураҳими 2-сола зери лойқа монда, ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, сарвазири кишвар ҳамзамон ба ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷилликӯли вилояти Хатлон сафар карда, аз рафти ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ хабар гирифтааст.
Ин сафари Расулзода ба навоҳии мазкур дар ҳолест, ки дар пайи боришоти зиёд ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо зиёда аз 14 гектар боғу токзор, беш аз 430 гектар замини кишт зарар дида, 33 гектар заминро маҷрои дарё обшустааст. Ҳамзамон дар ноҳияи Ҷилликӯл 5 гектар замини таъйиноти кишоварзӣ аз байн рафта, зиёда аз 25 манзили истиқоматӣ, ки наздик ба соҳил ҷойгир шудаанд, хароб гардидаанд.