Вокунишҳо ба пешниҳоди “дарси муҳоҷират” дар мактабҳои миёна
Пешниҳоди Абдуҷаббор Саъдиддинов, мудири мактаби рақами 20-и Файзобод дар мавриди тадриси фанни “муҳоҷират” барои донишомӯзони тоҷик бо вокунишҳои зиёди корбарони “Озодагон” рӯбарӯ шуд. Аксари шарҳнависони “Озодагон” аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки ҳоло мақомот ба ҷои фикри таъсиси ҷойҳои корию ташвиқи донишомӯзон барои боқӣ мондан дар Ватан баъд аз хатми мактаб дар андешаи боз кардани роҳи онҳо ба сӯи муҳоҷират мебошанд.
"ДАРСИ МУҲОҶИРАТ"
Хонум Барно, яке аз корбарон гуфтааст, ба ҷои ироаи дарси муҳоҷират ба донишомӯзон тадриси фанҳои дақиқро бояд ба роҳ монду музди меҳнати муаллимонро боло бардошт ва ба дунболи бунёди заводу фабрика буд, то онҳо дар ватан ҷои кор пайдо кунанду ба кишварҳои хориҷ ғарибу муҳоҷир нашаванд. “То кай бачаҳои мо аз зану фарзанд дур зиндагӣ кунанду ҳоҷатхонаҳои дигаронро тоза намуда, генофонди мардуми дигарро беҳ намоянд? Дар ҳоле ки фарзандони худашон дар ин ҷо беаҳамияту сарсон мондаанд”,-навиштааст ин хонандаи мо.
Корбари дигари “Озодагон” низ дар таъйиди ҳарфу пешниҳоди хонум Барно ин мудири мактабро зери тозиёнаи танқид қарор дода, аз наврасони тоҷик даъват кардааст, ба омӯзиши фанҳои дақиқу зарурӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанду фикри муҳоҷиратро аз сар дур намоянд. Ӯ мегӯяд, “ин Абдуҷаббор Саъдиддиновро бинед, ки мехоҳад насли тоҷикро аз синни мактабӣ муҳоҷири меҳнатӣ, яъне “ғулом”-и давлати бегона тайёр кунад. Шумо бояд ба фарзандон илмҳои дақиқу технологияи замонавӣ ва забонҳои хориҷиро омӯзонед ва ба ҷои муҳоҷир омода кардан, бояд аз онҳо мутахассиси олӣ омода кунед.”
Вале бо ин ҳол шумораи ҷонибдорони тадрис шудани фанни муҳоҷират миёни мухолифонаш низ кам нестанд. Садрӣ Ҷалол, яке аз шарҳнависони дигар гуфтааст, омӯхтани фанни муҳоҷират ҷои нанг надораду ин пешниҳодро бояд дастгирӣ кард. Чун, ба гуфтаи ӯ, наздики 90 дарсади хароҷоти зиндагии сокинони Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират мебошад. Ӯ иброз намудааст, “чизе ки аз он бояд шармид ин аст, ки аксари шаҳрвандони дар Русиябудаи Тоҷикистон аз забони русӣ бехабаранд. Тӯли 20 сол аст, сафи муҳоҷирин сол то сол зиёд мешаваду кам не! Пас, чӣ ҷои таъна задан?! Ҳисси миллатдӯсториатонро ба ягон вақти дигар монед!!! Раҳмат гӯянд, ки бо ин сатҳи ақлу донишашон ҳамин мардуми рус мегузоранд, дар он ҷо кор ва зиндагӣ кунанд!”
“Студент” ном як корбари дигар аз он ибрози таассуф кардааст, ҳоло шумораи ками мансабдоронро метавон пайдо кард, ки дар фикри миллату давлат ва кишвари худ ҳастанд : “Афсӯс, касе нест, ки фикри ояндаи миллати моро кунад. Ҳамааш одамонро фиреб мекунанд, агарчӣ қасам ба номи Ватан мехӯранд. Ту агар номус дошта бошӣ, шаҳрвандатро кори муздурӣ меомузӣ, то ба кай мардумро фиреб мекарда бошанд?!”
“Шикаста”, шарҳнависи дигари “Озодагон” дар хитоб ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фаъолони навоҳӣ ва сархатибони масҷидҳо, мудирони макотибу раисони ҷамоат ва ҷавонон гуфтааст, ба ҷои таҳияи китобчаи муҳоҷират китобчаи дурнамои халосӣ аз муҳоҷиратро омода кунанд: “Шумо китобча нависед, ки кай ва бо кадом васила аз ин “ғуломӣ” мо халос мешавем.”