Мухолифини ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ба маркази шаҳри Троблус ворид шуданд.
Тибқи иттиллои расонаҳои хориҷӣ, чирикиҳои Либия тайи ду рӯзи ахир бо суръати баланд ва бидуни муқовимат пешрафт кардаанд. Зимнан, телевизиони «Skynews» наворҳоеро намоиш медиҳад, ки дар он чирикиҳо парчамҳои мухолифин дар даст дар хиёбони Сабз – майдони марказии Троблус аз пирӯзии худ бар режими Муаммар Қаззофӣ таҷлил мекунанд. Дар ҳамин ҳол, пешвоёни ин гурӯҳ эълом доштаанд, ки номи майдони Сабзро тағйир дода, аз ин баъд он исми Шаҳидонро ба худ хоҳад гирифт.
Мӯсо Иброҳим, сухангӯи ҳукумати Муаммар Қаззофӣ НАТО-ро айбдор кард, ки ба пешрафти чирикиҳо ба сӯи ин шаҳри ба гуфтаи ӯ, “осоишта” кумак мекунад. Мухолифон бошанд, эълом карданд, ки Сайфулислом, яке аз писарони Муаммар Қаззофиро асир гирифтаанд. Амрико аз Шӯрои миллии гузор даъват кард, рӯи барномаи Либияи баъди Қаззофӣ биандешад.{jathumbnail off}