Қирғизҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ба ватани бобоияшон бармегарданд
Алиясбек Алимқулов, вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон, аз нодида гирифтани ҳуқуқи сокинони қирғизи Тоҷикистон нигаронӣ кардааст. Алимқулов рӯзи 28 апрел дар ҷаласаи парлумонии кишвараш гуфтааст, “ҳуқуқи қирғизҳо дар Тоҷикистон нодида гирифта мешавад.”
Ба гуфтаи ӯ, гӯиё сиёсати феълии Тоҷикистон барои дастгирии қирғизтаборони ин кишвар мувофиқ нест: “Ба ҳуқуқи онҳо касе аҳамият намедиҳад, агар рафту нафаре дар Тоҷикистон забони тоҷикиро надонад, ӯ дар ин кишвар бояд аз ояндааш даст шӯяд, ки ин ҳолат вазъияти қирғизтаборонро бисёр нигаронкунанда кардаасту боиси кӯч бастани онҳо ба Қирғизистон шудааст.”
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонони Қирғизистон мегӯяд, гӯиё ин суханҳои ӯро раиси ҷамъияти қирғизтаборон дар Тоҷикистон ҳангоми боздидаш аз Бишкек таъйид карда, аз зиндагии шумораи зиёди қирғизон дар ноҳияи Ҷиргатоли кишвар хабар додааст. Раиси ҷамъияти қирғизони Тоҷикистон гӯиё гуфтааст, аз соли 2013 ба ин сӯ, тамоми номи кӯча, мактаб ва маҳаллаҳо аз забони қирғизӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда, муаллимонро дар макотиб маҷбур доранд, то конспектҳои худро бо забони тоҷикӣ қайд карда, ба донишомӯзон бо забони давлатӣ дарс гузаранд.
“Мо аз ин сиёсати пешгирифтаи мақомоти тоҷик норозӣ буда, мехоҳем ба Қирғизистон кӯч бандем ва аз ин рӯ ҳимояти давлатии Бишкекро талаб дорем”,-гуфтаанд онҳо.