Тақсими замин ба 36 омӯзгори мактабҳои миёна ва олии Хуҷанд
Имрӯз, 28 апрел, дар маҳаллаи тозатаъсиси 14 ва 15-уми шаҳри Хуҷанд ба 36 устоди мактабҳои миёна ва олии шаҳри Хуҷанд замини наздиҳавлигӣ дода шуд.
Дар маросими тақсим ва супурдани сертификати замин ба омӯзгорон Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд. Замине, ки ҳоло ба устодони шаҳри Хуҷанд дода шуд, дар паҳлӯи маҳаллаи навтаъсиси журналистон қарор дорад.
Моҳи марти соли ҷорӣ бар асоси қарори шаҳрдории Хуҷанд ба 22 журналист қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шуд. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дода буданд, заминҳои наздиҳавлигӣ ба теъдоде аз журналистон, аз ҷумла, Додохони Эгамзод – сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», Толиби Озарахш – мухбири рўзномаи «Адабиёт ва санъат», Неъмати Оташ – сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд», Маъсуми Муҳаммадраҷаб – хабарнигори Радиои Озодӣ, Мухтори Абдулло – мухбири рӯзномаи “Садои мардум”, Аъзам Мақсудов – сармуҳаррири ҳафтаномаи «Сухани халқ» ва ба монанди инҳо, дода шудааст.
Ёдрас мекунем, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни нахустин мулоқоти худ бо рӯзноманигорон ваъда дода буд, барои ҳавасманд намудан ва дастгирии журналистони эҳтиёҷманд аз маркази маъмурии вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад.