Раъйи корбарони "Озодагон" дар бораи пешниҳоди Жириновский
Дар пайи изҳороти Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия дар мавриди орзу доштани кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои пайвастан ба ин кишвар, “Озодагон” дар ин бора назарпурсиеро миёни корбаронаш анҷом дод.
Аксари иштирокдорони ин назарпурсӣ, ки 124 нафар (36,15%)-ро ташкил медиҳанд, гуфтаанд, агар Тоҷикистон ба мисли Қрим ба ҳайати Русия дарояд, вазъ беҳтар хоҳад шуд. Дар мақоми дуюм гуруҳи дигари назрдиҳандагон қарор доранд, ки 30,03 дарсади иштирокдорон (103 нафар)-ро ташкил медиҳанд ва онҳо мегӯянд, Тоҷикистон бе ин ҳам дар итоати мақомоти Кремл аст.
Аммо шумораи мухолифон низ дар ин миён кам нестанд. 99 нафар (28,86%)-и иштирокдорон гуфтаанд, зидди пайвастшавии Тоҷикистон ба Русия буда, ин амалро аслан қабул надоранд. Танҳо 8 нафар ё худ 2,33%-и назардиҳандагон гуфтаанд, ин амал бисёр интихоби мушкил мебошаду 2,62% ё дақиқтараш 9 нафар изҳор доштаанд, ки дар ин бора чизе гуфта наметавонанд.
Дар ин назарпурсии “Озодагон” дар умум 343 нафар иштирок ва раъй додаанд.